Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Havdže Mejruf Havdže Mejr

Broj stranice:close

external-link copy
36 : 21

وَإِذَا رَءَاكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي يَذۡكُرُ ءَالِهَتَكُمۡ وَهُم بِذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ هُمۡ كَٰفِرُونَ

36. Ва чун кофирон туро эй Расул бубинанд, ҷуз ба тамасхур туро наменигаранд; ва бо ҳамдигар мегӯянд: "Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ ёд мекунад?" Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд. info
التفاسير:

external-link copy
37 : 21

خُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ مِنۡ عَجَلٖۚ سَأُوْرِيكُمۡ ءَايَٰتِي فَلَا تَسۡتَعۡجِلُونِ

37. Одамӣ, шитобкор офарида шудааст. Ва қурайшиҳо саркашона ба фурӯд омадани азоб шитоб намуданд, вале Аллоҳ таъоло бимашон карда фармуд: Зуд аст, ки оёти (азоби) худро ба шумо нишон хоҳам дод. Пас шитоб макунед. info
التفاسير:

external-link copy
38 : 21

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

38. Ва кофирон масхара карда мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъдаи азоб куҷост?»[1648] info

[1648] Тафсири Табарӣ 18\444

التفاسير:

external-link copy
39 : 21

لَوۡ يَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمۡ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ

39. Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро медонистанд, ки оташро аз рӯи хеш ва аз пушти хеш боздошта наметавонанд ва ба онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.[1649] info

[1649] Тафсири Табарӣ 18\445

التفاسير:

external-link copy
40 : 21

بَلۡ تَأۡتِيهِم بَغۡتَةٗ فَتَبۡهَتُهُمۡ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

40. Балки азоби рӯзи қиёмат ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва онро дафъ карда натавонанд ва барояшон мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд. info
التفاسير:

external-link copy
41 : 21

وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

41.Ба дурустӣ, Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фурӯд омад. info
التفاسير:

external-link copy
42 : 21

قُلۡ مَن يَكۡلَؤُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ بَلۡ هُمۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِم مُّعۡرِضُونَ

42. Бигӯ эй Расул барои онон, ки шитоб мекунанд дар азоб: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз азобу қаҳри Аллоҳи меҳрубон нигоҳ медорад?» Балки онҳо аз ёд кардани Парвардигорашон ва Қуръон рӯйгардонанд.[1650] info

[1650] Тафсири Бағавӣ 5\320

التفاسير:

external-link copy
43 : 21

أَمۡ لَهُمۡ ءَالِهَةٞ تَمۡنَعُهُم مِّن دُونِنَاۚ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَ أَنفُسِهِمۡ وَلَا هُم مِّنَّا يُصۡحَبُونَ

43. Оё барои мушрикон маъбудоне ҳастанд ғайри мо, ки муҳофизат мекунанд онҳоро аз мусибатҳо, ҳол он ки худро ёрӣ дода наметавонанд, пас чи гуна пайравонашонро ёрӣ медиҳанд? Ва онҳо аз азоби Мо маҳфуз намемонанд. info
التفاسير:

external-link copy
44 : 21

بَلۡ مَتَّعۡنَا هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۗ أَفَلَا يَرَوۡنَ أَنَّا نَأۡتِي ٱلۡأَرۡضَ نَنقُصُهَا مِنۡ أَطۡرَافِهَآۚ أَفَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

44. Балки Мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то муддати умрашон дароз шуд. Вале кофирон бо молу фарзанд ва ҳаёти дарозашон мағрур шуда бар куфрашон боқӣ монданд ва гӯё, ки азоб дода намешаванд. Оё ин мушрикон, ки шитоби азоби Аллоҳ мекунанд намебинанд, ки Мо пайваста ба суроғи сарзамини куфр меоем, ки онро аз атроф ва доманаҳояш мекоҳем? Оё онҳо пирӯзанд ё Мо?[1651] info

[1651] Тафсири Табарӣ 18\449

التفاسير: