Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Havdže Mejruf Havdže Mejr

Broj stranice:close

external-link copy
67 : 17

وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِي ٱلۡبَحۡرِ ضَلَّ مَن تَدۡعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُۖ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ أَعۡرَضۡتُمۡۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ كَفُورًا

67. Чун дар дарё ба шумо сахтӣ (ғарқ шудан) бирасад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон гум шаванд, ғайр аз Аллоҳ. Ва чун дуъои шуморо қабул кунад ба соҳили наҷот бирасонад, аз тоъати Ӯ рӯй мегардонед, зеро одамӣ як махлуқи бисёр носипос аст![1482] info

[1482] Тафсири Бағавӣ 5\107

التفاسير:

external-link copy
68 : 17

أَفَأَمِنتُمۡ أَن يَخۡسِفَ بِكُمۡ جَانِبَ ٱلۡبَرِّ أَوۡ يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗا ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ وَكِيلًا

68. Оё эмин ҳастед аз ин, ки ногаҳон шуморо дар гӯшае аз замин фурӯ барад, ё тундбоди регборе, чунонки бар қавми Лут алайҳиссалом фиристода буд, бар шумо бифиристад, сипас барои худ ҳеҷ нигаҳбоне намеёбед?[1483] info

[1483] Тафсири Бағавӣ 5\107

التفاسير:

external-link copy
69 : 17

أَمۡ أَمِنتُمۡ أَن يُعِيدَكُمۡ فِيهِ تَارَةً أُخۡرَىٰ فَيُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ قَاصِفٗا مِّنَ ٱلرِّيحِ فَيُغۡرِقَكُم بِمَا كَفَرۡتُمۡ ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ عَلَيۡنَا بِهِۦ تَبِيعٗا

69. Ё эмин шудаед аз ин, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфони тунди киштишикан бар шумо бифиристад ва ба хотири ношукргузорие, ки варзидаед, ғарқатон созад? Баъд аз он касеро наёбед, ки дар баробари он чӣ бо шумо кардаем аз Мо интиқом бигирад. Ҳамоно Аллоҳ ба андозаи заррае бар шумо ситам накардааст.[1484] info

[1484] Тафсири ибни Касир 5\97

التفاسير:

external-link copy
70 : 17

۞ وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا

70. Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ба ақл ва ба фиристонидани паёмбарон ва ҳама чизро барояш мутеъ гардондем ва бар баҳру хушкӣ бар савориҳои гуногун савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон додаем.[1485] info

[1485] Тафсири Саъдӣ 1\463

التفاسير:

external-link copy
71 : 17

يَوۡمَ نَدۡعُواْ كُلَّ أُنَاسِۭ بِإِمَٰمِهِمۡۖ فَمَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَقۡرَءُونَ كِتَٰبَهُمۡ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلٗا

71. Ба ёд ор эй Паёмбар рӯзе, ки ҳар гурӯҳе аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи аъмоли ҳар ки ба дасти росташ дода шавад, пас онҳо номаи аъмолашонро мехонанд ва ба андозаи риштаи борике, ки дар даруни донаи хурмост (киноя аз чизи кам) ситам намебинанд.[1486] info

[1486] Тафсири Саъдӣ 1\463

التفاسير:

external-link copy
72 : 17

وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِۦٓ أَعۡمَىٰ فَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلٗا

72. Ва ҳар ки дар ин дунё нобино бошад (аз далелҳои қудрати Аллоҳ),[1487] дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст. info

[1487] Тафсири Табарӣ 17\505

التفاسير:

external-link copy
73 : 17

وَإِن كَادُواْ لَيَفۡتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ لِتَفۡتَرِيَ عَلَيۡنَا غَيۡرَهُۥۖ وَإِذٗا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلٗا

73. Ва наздик буд, ки туро эй Муҳаммад, мушрикон аз он чи бар ту ваҳй карда будем, бероҳа созанд, то ғайри ҳукми қуръонро ба дурӯғ ба мо нисбат бидиҳӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд. info
التفاسير:

external-link copy
74 : 17

وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡـٔٗا قَلِيلًا

74. Ва агар Мо туро устувор бар ҳақ намедоштем, наздик будӣ, ки (аз бисёр рағбат доштанат дар ҳидояти онҳо) ба сӯяшон андаке майл кунӣ. [1488] info

[1488] Тафсири Саъдӣ 1\463

التفاسير:

external-link copy
75 : 17

إِذٗا لَّأَذَقۡنَٰكَ ضِعۡفَ ٱلۡحَيَوٰةِ وَضِعۡفَ ٱلۡمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيۡنَا نَصِيرٗا

75. Он гоҳ азоби дунё ва азоби охиратро ба ту мечашондем ва барои худ дар баробари Мо ёваре намеёфтӣ. info
التفاسير: