Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Prevodilački centar Ruvvad

Broj stranice:close

external-link copy
21 : 41

وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءٖۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Онон ба пӯсти худ мегӯянд: «Чаро алайҳи мо гувоҳӣ додед»? [Дар ҷавоб] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло [ҳамон Холиқи тавонманде], ки ҳама мавҷудотро гӯё карда, моро низ ба сухан даровардааст ва Ӯст, ки нахустин бор шуморо офарид ва [саранҷом ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед» info
التفاسير:

external-link copy
22 : 41

وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَتِرُونَ أَن يَشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُكُمۡ وَلَا جُلُودُكُمۡ وَلَٰكِن ظَنَنتُمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَعۡمَلُونَ

Шумо, ки [гуноҳонатонро] пинҳон намекардед, на аз он бобат буд, ки тасаввур мекардед, гӯшу чашму пӯстатон алайҳи шумо гувоҳӣ намедиҳанд, балки гумон мекардед, ки Аллоҳ таоло бар бисёре аз аъмоле, ки мекунед, огоҳ нест info
التفاسير:

external-link copy
23 : 41

وَذَٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِي ظَنَنتُم بِرَبِّكُمۡ أَرۡدَىٰكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Ин пиндори шумо дар бораи Парвардигоратон буд, ки муҷиби ҳалокати шумо гардид ва [саранҷом] зиёнкор шудед info
التفاسير:

external-link copy
24 : 41

فَإِن يَصۡبِرُواْ فَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡۖ وَإِن يَسۡتَعۡتِبُواْ فَمَا هُم مِّنَ ٱلۡمُعۡتَبِينَ

Агар шикебоӣ ва таҳаммул кунанд [ё накунанд], оташ ҷойгоҳашон аст ва агар талаби ризоят кунанд, пазируфта нахоҳанд шуд info
التفاسير:

external-link copy
25 : 41

۞ وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُواْ لَهُم مَّا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ خَٰسِرِينَ

Мо ҳамнишиноне [аз шаётин] бар онон гумоштем, ки [корҳои] гузашта ва [орзуҳои] ояндаро дар назарашон оростаанд ва [бад-ин сон] фармони муҷозот дар мавриди онон таҳаққуқ ёфт ва ба азоби ақвоми гумроҳе аз ҷину инс, ки пеш аз онон буданд, гирифтор шуданд. Бе гумон, онон зиёнкор буданд info
التفاسير:

external-link copy
26 : 41

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ

Кофирон [ки дар баробари ҳақ оҷиз гашта буданд] гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш накунед ва [ҳангоми тиловати] он ҷанҷол кунед [ва суханони беҳуда бигӯед], бошад, ки пирӯз гардед» info
التفاسير:

external-link copy
27 : 41

فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَذَابٗا شَدِيدٗا وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Пас, яқинан, ба кофирон азоби сахте мечашонем ва ононро бар асоси [ҷазои] бадтарини корҳояшон кайфар медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
28 : 41

ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعۡدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُۖ لَهُمۡ فِيهَا دَارُ ٱلۡخُلۡدِ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ

Ин аст сазои душманони Аллоҳ таоло: оташе, ки дар он сукунати ҷовидон доранд, ба кайфари он ки оёти Моро инкор мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
29 : 41

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيۡنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ أَقۡدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلۡأَسۡفَلِينَ

Кофирон [ба ҳангоми азоб] мегӯянд: «Парвардигоро, [афроде] аз ду гурӯҳ: ҷин ва инсро, ки омили гумроҳиямон буданд, ба мо нишон бидеҳ, ки лагадкӯбашон кунем, то аз ҳама залилтар шаванд» info
التفاسير: