Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Prevodilački centar Ruvvad

Broj stranice:close

external-link copy
23 : 27

إِنِّي وَجَدتُّ ٱمۡرَأَةٗ تَمۡلِكُهُمۡ وَأُوتِيَتۡ مِن كُلِّ شَيۡءٖ وَلَهَا عَرۡشٌ عَظِيمٞ

Ман [он ҷо] занеро ёфтаам, ки бар онон фармонравоӣ мекунад ва [ба ӯ] аз ҳар гуна неъмате додаанд ва тахти бузурге дорад info
التفاسير:

external-link copy
24 : 27

وَجَدتُّهَا وَقَوۡمَهَا يَسۡجُدُونَ لِلشَّمۡسِ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ فَهُمۡ لَا يَهۡتَدُونَ

Ӯ ва қавмашро дидам, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло барои хуршед саҷда мекунанд ва шайтон корҳои [ботили] ононро барояшон ороста ва эшонро аз роҳ [-и рост] боздоштааст, аз ин рӯ, ҳидоят намешаванд» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 27

أَلَّاۤ يَسۡجُدُواْۤ لِلَّهِ ٱلَّذِي يُخۡرِجُ ٱلۡخَبۡءَ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُخۡفُونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ

[Шайтон фиребашон додааст] То барои Аллоҳ таоло саҷда накунанд [ҳамон маъбуде], ки ниҳони осмонҳо ва заминро ошкор мекунад ва он чиро, ки пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад info
التفاسير:

external-link copy
26 : 27

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ۩

Аллоҳ таоло, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ӯ нест, Парвардигори Арши бузург аст info
التفاسير:

external-link copy
27 : 27

۞ قَالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

[Сулаймон] гуфт: «Хоҳем дид, ки оё рост гуфтаӣ ё дурӯғгӯӣ info
التفاسير:

external-link copy
28 : 27

ٱذۡهَب بِّكِتَٰبِي هَٰذَا فَأَلۡقِهۡ إِلَيۡهِمۡ ثُمَّ تَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَٱنظُرۡ مَاذَا يَرۡجِعُونَ

Ин номаи маро бибар ва ба сӯйи онон бияфкан, он гоҳ дур шав ва [дар гӯшае биист ва] бингар, ки [дар бораи он] чи мегӯянд» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 27

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ إِنِّيٓ أُلۡقِيَ إِلَيَّ كِتَٰبٞ كَرِيمٌ

[Маликаи Сабаъ] гуфт: «Эй бузургон, номаи арҷманде ба сӯйи ман афканда шудааст info
التفاسير:

external-link copy
30 : 27

إِنَّهُۥ مِن سُلَيۡمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Ин [нома] аз ҷониби Сулаймон аст ва чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон info
التفاسير:

external-link copy
31 : 27

أَلَّا تَعۡلُواْ عَلَيَّ وَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ

Бар ман бартарӣ маҷӯед ва дар ҳоле ки [аз ширк даст бардошта ва] таслим [-и ҳақ ва тавҳид] шудаед, назди ман биёед» info
التفاسير:

external-link copy
32 : 27

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَفۡتُونِي فِيٓ أَمۡرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمۡرًا حَتَّىٰ تَشۡهَدُونِ

[Малика] Гуфт: «Эй бузургон, назари худро дар ин маврид бигӯед, [чаро ки] ман ҳаргиз бидуни ҳузур [-у машварат]-и шумо дар бораи коре тасмим нагирифтаам» info
التفاسير:

external-link copy
33 : 27

قَالُواْ نَحۡنُ أُوْلُواْ قُوَّةٖ وَأُوْلُواْ بَأۡسٖ شَدِيدٖ وَٱلۡأَمۡرُ إِلَيۡكِ فَٱنظُرِي مَاذَا تَأۡمُرِينَ

Онон гуфтанд: «Мо неруи бисёр ва ҷангҷӯёни қудратманде дорем, вале ихтиёр [-у тасмими ниҳоӣ] бо туст. Пас, баррасӣ кун, ки чи дастуре бидиҳӣ» info
التفاسير:

external-link copy
34 : 27

قَالَتۡ إِنَّ ٱلۡمُلُوكَ إِذَا دَخَلُواْ قَرۡيَةً أَفۡسَدُوهَا وَجَعَلُوٓاْ أَعِزَّةَ أَهۡلِهَآ أَذِلَّةٗۚ وَكَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ

[Малика] гуфт: «Бе тардид, вақте подшоҳон [ба унвони фотеҳ] вориди шаҳре мешаванд, онро вайрон [ва табоҳ] месозанд ва бузургонашро хору залил мекунанд ва рафторашон ҳамвора чунин будааст info
التفاسير:

external-link copy
35 : 27

وَإِنِّي مُرۡسِلَةٌ إِلَيۡهِم بِهَدِيَّةٖ فَنَاظِرَةُۢ بِمَ يَرۡجِعُ ٱلۡمُرۡسَلُونَ

Ва ман ҳадяе барояшон мефиристам ва мунтазир мемонам, то бубинам, ки фиристодагон чи посухе [бароям] меоваранд» info
التفاسير: