Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Prevodilački centar Ruvvad

external-link copy
265 : 2

وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمُ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ وَتَثۡبِيتٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ كَمَثَلِ جَنَّةِۭ بِرَبۡوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٞ فَـَٔاتَتۡ أُكُلَهَا ضِعۡفَيۡنِ فَإِن لَّمۡ يُصِبۡهَا وَابِلٞ فَطَلّٞۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

Ва масали касоне, ки амволи худро барои талаби хушнудии Аллоҳ таоло ва ба хотири боваре, ки дар дилҳояшон [ба подоши Аллоҳ таоло] доранд, инфоқ мекунанд, ҳамчун бӯстоне бар теппае аст, ки борони тунде бар он борад ва меваҳояшро дучандон ба бор оварад; ва агар борони тунде ҳам ба он нарасад, борони сабук [низ замини покашро пурсамар месозад]; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст info
التفاسير: