Prijevod značenja časnog Kur'ana - Tadžički prijevod - Prevodilački centar Ruvvad

Ҳуд

external-link copy
1 : 11

الٓرۚ كِتَٰبٌ أُحۡكِمَتۡ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتۡ مِن لَّدُنۡ حَكِيمٍ خَبِيرٍ

Алиф, лом, ро.[1] Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 11

أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۚ إِنَّنِي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ

[Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам info
التفاسير:

external-link copy
3 : 11

وَأَنِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُمَتِّعۡكُم مَّتَٰعًا حَسَنًا إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى وَيُؤۡتِ كُلَّ ذِي فَضۡلٖ فَضۡلَهُۥۖ وَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ كَبِيرٍ

Ва ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо [дар зиндагии дунё] то саромади муайяне ба хайру хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар бофазилате [ки яктопарастӣ ва накукорӣ пеша кардааст, подошу] фузунӣ бахшад.Ва агар [аз имон] рӯ бигардонед, [бидонед, ки ман] ба ростӣ, бароятон аз азоби рӯзе саҳмгин метарсам info
التفاسير:

external-link copy
4 : 11

إِلَى ٱللَّهِ مَرۡجِعُكُمۡۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

[Шумо эй мардум] Бозгаштатон ба сӯйи Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност info
التفاسير:

external-link copy
5 : 11

أَلَآ إِنَّهُمۡ يَثۡنُونَ صُدُورَهُمۡ لِيَسۡتَخۡفُواْ مِنۡهُۚ أَلَا حِينَ يَسۡتَغۡشُونَ ثِيَابَهُمۡ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Огоҳ бошед! Онҳо [куфрро] дар синаҳояшон ниҳон мекунанд, то онро аз Ӯ [Аллоҳ таоло] пинҳон доранд. Огоҳ бошед! Он гоҳ ки онон ҷомаҳояшонро бар сар мекашанд, Аллоҳ таоло он чи пинҳон месозанд ва он чи ошкор медоранд, [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ ба асрори синаҳо доност info
التفاسير: