5.Пас чун моҳҳои ҳаром[859] ба поён расанд, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва бозгаштанд аз ширк ва исломро қабул карданд ва намозробарпо карданд ва закотро адо намуданд, пас раҳо кунед ононро, ки бародарони шумоанд дар ислом. Ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаи тавбакунандагон ва меҳрубон аст бар онон![860]
6. Ва агар касе аз мушрикон аз ту эй Паёмбар паноҳ талаб кунанд, паноҳ бидеҳ ӯро, то каломи Аллоҳро (қуръон) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, ин ҳукм ба сабаби он аст, ки мушрикон гурӯҳеанд, ки намедонанд ҳақиқати Исломро.