ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير

سورة القيامة - Қиёмат

external-link copy
1 : 75

لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ

1. Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 75

وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ

2. Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст! info
التفاسير:

external-link copy
3 : 75

أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ

3. Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва пароканда гардид? info
التفاسير:

external-link copy
4 : 75

بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ

4. Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.[3040] info

[3040] Тафсири Табарӣ 24\51

التفاسير:

external-link copy
5 : 75

بَلۡ يُرِيدُ ٱلۡإِنسَٰنُ لِيَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ

5.Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 75

يَسۡـَٔلُ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلۡقِيَٰمَةِ

6. Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» info
التفاسير:

external-link copy
7 : 75

فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ

7. Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад info
التفاسير:

external-link copy
8 : 75

وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ

8.ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 75

وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ

9. ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 75

يَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذٍ أَيۡنَ ٱلۡمَفَرُّ

10.Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?»[3041] info

[3041] Тафсири Бағавӣ 8\282

التفاسير:

external-link copy
11 : 75

كَلَّا لَا وَزَرَ

11. Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз ( дар он рӯз паноҳгоҳе нест! info
التفاسير:

external-link copy
12 : 75

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ

12.Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод[3042]. info

[3042] Тафсири Саъдӣ 1\899

التفاسير:

external-link copy
13 : 75

يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ

13. Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.[3043] info

[3043]Тафсири ибни Касир 8\277

التفاسير:

external-link copy
14 : 75

بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةٞ

14. Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 75

وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ

15. Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад[3044]. info

[3044] Тафсири Бағавӣ 8\283

التفاسير:

external-link copy
16 : 75

لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ

16. Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад, info
التفاسير:

external-link copy
17 : 75

إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ

17. ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад, info
التفاسير:

external-link copy
18 : 75

فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ

18. чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун, info
التفاسير:

external-link copy
19 : 75

ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ

19. сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он барӯҳдаи Мост.[3045] info

[3045] Тафсири Саъдӣ 1\899

التفاسير: