ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير

سورة الحاقة - Ҳоққа

external-link copy
1 : 69

ٱلۡحَآقَّةُ

1. Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!) info
التفاسير:

external-link copy
2 : 69

مَا ٱلۡحَآقَّةُ

2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ? info
التفاسير:

external-link copy
3 : 69

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ

3. Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?[2984] info

[2984] Тафсири Бағавӣ 8\204

التفاسير:

external-link copy
4 : 69

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ

4. Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 69

فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ

5. Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 69

وَأَمَّا عَادٞ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٖ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٖ

6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 69

سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٖ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومٗاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٖ

7. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 69

فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٖ

8. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!) info
التفاسير:

external-link copy
9 : 69

وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ

9. Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика[2985] гунаҳкор омаданд. info

[2985] Яъне, мардуми шаҳрҳои ба замин фурӯрафта, ки он ободиҳои қами Лут алайҳиссалом буд. Аллоҳ таъоло ба сабаби феъли мункарашон;( аз ширк, куфр ва зино) онҳоро ба замин фурӯ бурд. Тафсири Табарӣ 23\576

التفاسير:

external-link copy
10 : 69

فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةٗ رَّابِيَةً

10.Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд , пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 69

إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ

11. Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем, info
التفاسير:

external-link copy
12 : 69

لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةٗ وَتَعِيَهَآ أُذُنٞ وَٰعِيَةٞ

12. то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд.[2986] info

[2986] Тафсири Табарӣ 23\578

التفاسير:

external-link copy
13 : 69

فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٞ وَٰحِدَةٞ

13. Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад info
التفاسير:

external-link copy
14 : 69

وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةٗ وَٰحِدَةٗ

14. ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд, info
التفاسير:

external-link copy
15 : 69

فَيَوۡمَئِذٖ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ

15. пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад. info
التفاسير:

external-link copy
16 : 69

وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٖ وَاهِيَةٞ

16. Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 69

وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ ثَمَٰنِيَةٞ

17. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд. info
التفاسير:

external-link copy
18 : 69

يَوۡمَئِذٖ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٞ

18. Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад.[2987] info

[2987] Тафсири Саъдӣ 1\883

التفاسير:

external-link copy
19 : 69

فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ

19. Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед. info
التفاسير:

external-link copy
20 : 69

إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ

20. Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро омода кардаам. info
التفاسير:

external-link copy
21 : 69

فَهُوَ فِي عِيشَةٖ رَّاضِيَةٖ

21.Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд, info
التفاسير:

external-link copy
22 : 69

فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ

22. дар биҳиште олӣ, info
التفاسير:

external-link copy
23 : 69

قُطُوفُهَا دَانِيَةٞ

23. ки меваҳояш дастрас бошад. info
التفاسير:

external-link copy
24 : 69

كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ

24. Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед![2988] info

[2988] Тафсири Бағавӣ 8\212

التفاسير:

external-link copy
25 : 69

وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ

25. Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд info
التفاسير:

external-link copy
26 : 69

وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ

26.ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист! info
التفاسير:

external-link copy
27 : 69

يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ

27.Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам info
التفاسير:

external-link copy
28 : 69

مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ

28.Дороии ман,ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид, info
التفاسير:

external-link copy
29 : 69

هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ

29. қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям)![2989] info

[2989] Тафсири Табарӣ 23\588

التفاسير:

external-link copy
30 : 69

خُذُوهُ فَغُلُّوهُ

30. Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад:«Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед! info
التفاسير:

external-link copy
31 : 69

ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ

31. Ва баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад! info
التفاسير:

external-link copy
32 : 69

ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٖ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعٗا فَٱسۡلُكُوهُ

32. Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ[2990] аст, бикашед! info

[2990]Яъне зироъ аз оринҷ то ангуштро гӯянд.

التفاسير:

external-link copy
33 : 69

إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ

33.Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард info
التفاسير:

external-link copy
34 : 69

وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ

34.ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.[2991] info

[2991] Тафсири Бағавӣ 8\213

التفاسير:

external-link copy
35 : 69

فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ

35. Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад. info
التفاسير:

external-link copy
36 : 69

وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ

36. Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли дӯзах нест. info
التفاسير:

external-link copy
37 : 69

لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ

37. Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.[2992] info

[2992] Тафсири Саъдӣ 1\884

التفاسير:

external-link copy
38 : 69

فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ

38.Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад:Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо info
التفاسير:

external-link copy
39 : 69

وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ

39.ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо, info
التفاسير:

external-link copy
40 : 69

إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ

40. ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро паёмбари азимушшаън тиловат мекунад, info
التفاسير:

external-link copy
41 : 69

وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ

41. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред! info
التفاسير:

external-link copy
42 : 69

وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

42.Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред! info
التفاسير:

external-link copy
43 : 69

تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

43.Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.[2993] info

[2993] Тафсири Бағавӣ 8\214

التفاسير:

external-link copy
44 : 69

وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ

44. Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст, info
التفاسير:

external-link copy
45 : 69

لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ

45. ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем, info
التفاسير:

external-link copy
46 : 69

ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ

46.сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем info
التفاسير:

external-link copy
47 : 69

فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ

47.ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад. info
التفاسير:

external-link copy
48 : 69

وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ

48. Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.[2994] info

[2994] Тафсири Табарӣ 23\595

التفاسير:

external-link copy
49 : 69

وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ

49. Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд. info
التفاسير:

external-link copy
50 : 69

وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ

50. Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд. info
التفاسير:

external-link copy
51 : 69

وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ

51.Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест. info
التفاسير:

external-link copy
52 : 69

فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ

52. Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.[2995] info

[2995] Тафсири Саъдӣ 1\884

التفاسير: