7.Он фариштагоне, ки Аршро мебардоранд ва онҳое, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва аз ҳар айбу нуқсон Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва ба Ӯ имони яқин доранд ва аз Ӯ барои мӯъминон омӯрзиш мехоҳанд: Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки аз ширку маъсият тавба кардаанд ва ба роҳи исломи Ту омадаанд, биёмӯрз ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор![2313]