55. Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд, ки дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед[2076]. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар чизе ҳозиру нозир аст ва шоҳиди амалҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонаш мебошад.[2077]