ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - خوجه ميروف خوجه مير

سورة لقمان - Луқмон

external-link copy
1 : 31

الٓمٓ

1. Алиф, Лом, Мим.[1992] info

[1992]Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.

التفاسير:

external-link copy
2 : 31

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡحَكِيمِ

2. Ин оятҳои китоби Қуръон ҳикматомӯз аст. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 31

هُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّلۡمُحۡسِنِينَ

3. Ин оятҳо барои некӯкороне, ки бо китоби Қуръон ва суннати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал мекунанд, ҳидоят ва бахшоиш аст,[1993] info

[1993] Тафсири Табарӣ 20\124

التفاسير:

external-link copy
4 : 31

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ

4. онон, ки намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти фарзшударо ба мустаҳиқонаш медиҳанд ва онҳо ба охират боварии яқин доранд. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 31

أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

5. Инҳо касонеанд, ки аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо дар дунёву охират наҷотёфтагонанд. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 31

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشۡتَرِي لَهۡوَ ٱلۡحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

6. Ва дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки харидори сухани беҳудаанд[1994],то бе ягон донише мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд ва Қуръонро ба масхара гиранд. Барои он гурӯҳ азоби хоркунандааст. info

[1994] Яъне, ҳар сухане,ки инсонро аз тоъат ва ризогии Парвардигор бозмедорад.

التفاسير:

external-link copy
7 : 31

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا وَلَّىٰ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَا كَأَنَّ فِيٓ أُذُنَيۡهِ وَقۡرٗاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

7. Ва чун оёти Мо бар ӯ хонда шаванд, бо худписандӣ рӯй баргардонад ва такаббур кунад, чунон ки гӯё он оёти моро нашунидааст. Ё монанди касе, ки дар ҳарду гӯши вай вазнинӣ аст, ки чизеро намешунавад. Эй Паёмбар, ӯро ба азоби дардовари рӯзи қиёмат мужда деҳ![1995] info

[1995] Тафсири ибни Касир 6\332

التفاسير:

external-link copy
8 : 31

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلنَّعِيمِ

8. Ба дурустӣ, онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман барояшон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 31

خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

9. Дар он ҷо дар ҷаннат ҷовидонаанд, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Ӯ дар амраш пирӯзманд ва дар тадбираш ҳакиму доно аст! info
التفاسير:

external-link copy
10 : 31

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٖ تَرَوۡنَهَاۖ وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ

10. Аллоҳ осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне офаридааст, ки мебинед ва бар рӯи замин кӯҳҳоро устувор бияфканд, то шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае (ҷондоре) дар он замин пароканда кардааст. Ва аз осмон об фурӯд овардем ва дар он замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 31

هَٰذَا خَلۡقُ ٱللَّهِ فَأَرُونِي مَاذَا خَلَقَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦۚ بَلِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

11. Ҳар он чӣ ки шумо мебинед, ин офариниши Аллоҳ аст. Пас, ба Ман нишон диҳед эй мушрикон касонеро аз маъбудони шумо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, ки чӣ чизеро офаридаанд? Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.[1996] info

[1996] Тафсири Бағавӣ 6\286

التفاسير: