15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон ду танро дид, ки бо ҳам меҷанганд. Яке аз онҳо аз пайравони ӯ буд ва дигаре аз душманонаш. Пас он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Пас Мӯсо мушти маҳкаме бар ӯ зад ва ӯро кушт[1877]. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳароина, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».
[1877] Ва ин пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд.