1. Алиф, Лом, Ро.[1032]ин қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.[1033]
3. Ва низ аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо то муддати муайяне аз ризқе некӯ, бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.[1035]