Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ таоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред», магар он сухани Иброҳим, ки ба падараш [Озар] гуфт: «Ман бароят омурзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ таоло барои ту ихтиёри чизеро надорам». Парвардигоро, бар Ту таваккал кардем ва ба сӯйи Ту рӯй овардем ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Туст.
Аллоҳ таоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло адолатпешагонро дӯст медорад
[Ӯ] Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне наҳй мекунад, ки дар [амри] дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо [ба дигарон] кумак кардаанд; ва ҳар кас бо онон дӯстӣ кунад, ононанд, ки ситамгоронанд.
Эй Паёмбар, ҳангоме ки занони муъмин назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро бо Аллоҳ таоло шарик насозанд ва дуздӣ накунанд ва муртакиби зино нашаванд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро ба дурӯғ ба шавҳаронашон нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек аз ту нофармонӣ накунанд, бо онон байъат кун ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст