Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон доред, набояд дар [иҷрои аҳкоми] дини Аллоҳ таоло нисбат ба он ду [нафар] дилсӯзӣ [ва меҳрубонии бе далел] дошта бошед ва бояд гурӯҳе аз муъминон бар муҷозоташон гувоҳ бошанд
Ва касоне, ки ҳамсарони худро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва ҷуз хештан шоҳиде [бар ин иддао] надоранд, пас, ҳар як аз онон бояд чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки ҳатман, рост мегӯяд