ترجمة معاني القرآن الكريم - الترجمة الطاجيكية - مركز رواد الترجمة

رقم الصفحة: 272:267 close

external-link copy
55 : 16

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ

То саранҷом ба он чӣ ба эшон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] бархӯрдор шавед, ки ба зудӣ [натоиҷи кирдоратонро] хоҳед донист info
التفاسير:

external-link copy
56 : 16

وَيَجۡعَلُونَ لِمَا لَا يَعۡلَمُونَ نَصِيبٗا مِّمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡۗ تَٱللَّهِ لَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَفۡتَرُونَ

Ва [мушрикон] аз он чӣ рӯзишон кардаем, барои чизҳое, ки ҳеҷ фаҳме надоранд [бутҳо] саҳме қарор медиҳанд. Ба Аллоҳ таоло савганд, ки дар бораи он ифтиро, ки мебастед, ҳатман, бозхост хоҳед шуд info
التفاسير:

external-link copy
57 : 16

وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ ٱلۡبَنَٰتِ سُبۡحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشۡتَهُونَ

Ва [онон фариштагонро] духтароне барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд – Ӯ муназзаҳ аст – ва он чиро майл доранд [писарон] барои худашон [қарор медиҳанд] info
التفاسير:

external-link copy
58 : 16

وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٞ

Ва ҳар гоҳ яке аз ононро ба [таваллуди] духтаре башорат диҳанд, дар ҳоле ки хашмашро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андӯҳ] тира мешавад info
التفاسير:

external-link copy
59 : 16

يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ

Аз бадӣ [ва нороҳатии] он чӣ ба ӯ мужда додаанд, аз қавм [-и хеш] пинҳон мешавад [ва бо худ меандешад, ки] оё ӯро бо сарафкандагӣ нигаҳ дорад ё дар хок пинҳонаш кунад. Ҳон! Чи бад доварӣ мекунанд! info
التفاسير:

external-link copy
60 : 16

لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Сифати зишт [-и чаҳлу куфр] барои касонест, ки ба охират имон надоранд ва сифати бартар аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
61 : 16

وَلَوۡ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلۡمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيۡهَا مِن دَآبَّةٖ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗىۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ

Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба хотири зулмашон бозхост мекард, ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намегузошт; вале [кайфари] ононро то замони муайян ба таъхир меандозад; ва чун аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд info
التفاسير:

external-link copy
62 : 16

وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكۡرَهُونَۚ وَتَصِفُ أَلۡسِنَتُهُمُ ٱلۡكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفۡرَطُونَ

Ва [мушрикон] он чиро хуш надоранд барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд ва забонашон [чунин] дурӯғ месозад, ки [расттагорӣ ва] накуӣ аз они эшон аст. Ҳаққо, ки оташ насибашон аст ва онон, ҳатман, аз пешгомон [-и дузах] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
63 : 16

تَٱللَّهِ لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٖ مِّن قَبۡلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

[Эй Паёмбар] Савганд ба Аллоҳ таоло, ки ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, [низ паёмбароне] фиристодем; пас, шайтон корҳояшонро барояшон орост; аз ин рӯ, имрӯз [низ дӯст ва] корсозашон ҳам ӯст ва барояшон азобе дарднок [дар пеш] аст info
التفاسير:

external-link copy
64 : 16

وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Ва [эй Паёмбар] ин китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки [ҳақиқати] он чиро, ки [мардум] дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ ва ҳидояту раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд info
التفاسير: