《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 霍贾·梅洛夫·霍贾·米尔。

页码:close

external-link copy
62 : 24

إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَإِذَا كَانُواْ مَعَهُۥ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ جَامِعٖ لَّمۡ يَذۡهَبُواْ حَتَّىٰ يَسۡتَـٔۡذِنُوهُۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ فَإِذَا ٱسۡتَـٔۡذَنُوكَ لِبَعۡضِ شَأۡنِهِمۡ فَأۡذَن لِّمَن شِئۡتَ مِنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمُ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

62. Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй Паёмбар рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таъоло бахшояндаву меҳрубон аст! info
التفاسير:

external-link copy
63 : 24

لَّا تَجۡعَلُواْ دُعَآءَ ٱلرَّسُولِ بَيۡنَكُمۡ كَدُعَآءِ بَعۡضِكُم بَعۡضٗاۚ قَدۡ يَعۡلَمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنكُمۡ لِوَاذٗاۚ فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ

63. Эй мӯъминон, он чунон ки якдигарро нидо мекунед, паёмбарро нидо накунед ( яъне ё Муҳаммад нагӯед, балки бо эҳтирому иззат ба ин лафз эй паёмбари Аллоҳ ё расулаллоҳ бигӯед). Албатта Аллоҳ медонад онҳоеро, ки пинҳонӣ берун мешаванд аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Бояд, ки битарсанд онҳое, ки хилофи ҳукми паёмбар кор мекунанд аз ин , ки бирасад ба онҳо ба сабаби хилофкориашон балову мусибате ё бирасад ба онҳо азоби дарднок . [1765] info

[1765] Тафсири Саъдӣ 1/577

التفاسير:

external-link copy
64 : 24

أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قَدۡ يَعۡلَمُ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ وَيَوۡمَ يُرۡجَعُونَ إِلَيۡهِ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ

64. Огоҳ бошед, ҳароина, аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чӣ коред. Ва он рӯз, ки ба сӯйи Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад ва ҷазо медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност! info
التفاسير: