《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 拉瓦德翻译中心。

Музаммил

external-link copy
1 : 73

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُزَّمِّلُ

Эй ҷомабахудпечида! info
التفاسير:

external-link copy
2 : 73

قُمِ ٱلَّيۡلَ إِلَّا قَلِيلٗا

Шабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун] info
التفاسير:

external-link copy
3 : 73

نِّصۡفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصۡ مِنۡهُ قَلِيلًا

Нимае аз онро ё андаке аз он кам кун info
التفاسير:

external-link copy
4 : 73

أَوۡ زِدۡ عَلَيۡهِ وَرَتِّلِ ٱلۡقُرۡءَانَ تَرۡتِيلًا

Ё андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон info
التفاسير:

external-link copy
5 : 73

إِنَّا سَنُلۡقِي عَلَيۡكَ قَوۡلٗا ثَقِيلًا

Яқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард info
التفاسير:

external-link copy
6 : 73

إِنَّ نَاشِئَةَ ٱلَّيۡلِ هِيَ أَشَدُّ وَطۡـٔٗا وَأَقۡوَمُ قِيلًا

Бе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст info
التفاسير:

external-link copy
7 : 73

إِنَّ لَكَ فِي ٱلنَّهَارِ سَبۡحٗا طَوِيلٗا

Ва яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ info
التفاسير:

external-link copy
8 : 73

وَٱذۡكُرِ ٱسۡمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلۡ إِلَيۡهِ تَبۡتِيلٗا

Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 73

رَّبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱتَّخِذۡهُ وَكِيلٗا

[Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин info
التفاسير:

external-link copy
10 : 73

وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱهۡجُرۡهُمۡ هَجۡرٗا جَمِيلٗا

Ва бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун info
التفاسير:

external-link copy
11 : 73

وَذَرۡنِي وَٱلۡمُكَذِّبِينَ أُوْلِي ٱلنَّعۡمَةِ وَمَهِّلۡهُمۡ قَلِيلًا

Ва маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ info
التفاسير:

external-link copy
12 : 73

إِنَّ لَدَيۡنَآ أَنكَالٗا وَجَحِيمٗا

Бе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст info
التفاسير:

external-link copy
13 : 73

وَطَعَامٗا ذَا غُصَّةٖ وَعَذَابًا أَلِيمٗا

Ва таоме гулугир ва азобе дарднок info
التفاسير:

external-link copy
14 : 73

يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ وَكَانَتِ ٱلۡجِبَالُ كَثِيبٗا مَّهِيلًا

Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд info
التفاسير:

external-link copy
15 : 73

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ رَسُولٗا شَٰهِدًا عَلَيۡكُمۡ كَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ رَسُولٗا

Яқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем info
التفاسير:

external-link copy
16 : 73

فَعَصَىٰ فِرۡعَوۡنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذۡنَٰهُ أَخۡذٗا وَبِيلٗا

Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем info
التفاسير:

external-link copy
17 : 73

فَكَيۡفَ تَتَّقُونَ إِن كَفَرۡتُمۡ يَوۡمٗا يَجۡعَلُ ٱلۡوِلۡدَٰنَ شِيبًا

Пас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад? info
التفاسير:

external-link copy
18 : 73

ٱلسَّمَآءُ مُنفَطِرُۢ بِهِۦۚ كَانَ وَعۡدُهُۥ مَفۡعُولًا

[Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад. info
التفاسير:

external-link copy
19 : 73

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذۡكِرَةٞۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا

Бе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад info
التفاسير: