《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 拉瓦德翻译中心。

页码:close

external-link copy
187 : 3

وَإِذۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ لَتُبَيِّنُنَّهُۥ لِلنَّاسِ وَلَا تَكۡتُمُونَهُۥ فَنَبَذُوهُ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ وَٱشۡتَرَوۡاْ بِهِۦ ثَمَنٗا قَلِيلٗاۖ فَبِئۡسَ مَا يَشۡتَرُونَ

Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед"; ва [-ле] он [аҳд]-ро пушти сари хеш андохтанд [бад-он таваҷҷуҳе накарданд] ва ба баҳои андаке [ҳамчун молу мақом] фурӯхтанд. Чи бад аст, он чи мехаранд! info
التفاسير:

external-link copy
188 : 3

لَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡرَحُونَ بِمَآ أَتَواْ وَّيُحِبُّونَ أَن يُحۡمَدُواْ بِمَا لَمۡ يَفۡعَلُواْ فَلَا تَحۡسَبَنَّهُم بِمَفَازَةٖ مِّنَ ٱلۡعَذَابِۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Касоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст info
التفاسير:

external-link copy
189 : 3

وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе тавоност info
التفاسير:

external-link copy
190 : 3

إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ لَأٓيَٰتٖ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Ба ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва омадушуди шабу рӯз нишонаҳо [и ошкор]-е барои хирадмандон аст info
التفاسير:

external-link copy
191 : 3

ٱلَّذِينَ يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبَّنَا مَا خَلَقۡتَ هَٰذَا بَٰطِلٗا سُبۡحَٰنَكَ فَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ

[Ҳамон] Касоне, ки Аллоҳро [дар ҳамаи аҳвол] истода ва нишаста ва бар паҳлу орамида, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд [ва мегӯянд]: "Парвардигоро, инҳоро беҳуда наофаридаӣ; муназзаҳӣ Ту. Пас, моро аз азоби оташ [-и дузах] нигаҳ дор info
التفاسير:

external-link copy
192 : 3

رَبَّنَآ إِنَّكَ مَن تُدۡخِلِ ٱلنَّارَ فَقَدۡ أَخۡزَيۡتَهُۥۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ

Парвардигоро, касеро, ки Ту ба оташ [-и дузах] дароварӣ, яқинан, хору расвояш кардаӣ ва ситамгорон [ҳеҷ] ёваре надоранд info
التفاسير:

external-link copy
193 : 3

رَّبَّنَآ إِنَّنَا سَمِعۡنَا مُنَادِيٗا يُنَادِي لِلۡإِيمَٰنِ أَنۡ ءَامِنُواْ بِرَبِّكُمۡ فَـَٔامَنَّاۚ رَبَّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرۡ عَنَّا سَيِّـَٔاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ ٱلۡأَبۡرَارِ

Парвардигоро, мо шунидем, даъватгаре ба имон фаро мехонад, ки: "Ба Парвардигори худ имон оваред". Пас, мо имон овардем. Парвардигоро, пас, гуноҳонамонро бибахш ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро дар зумраи некон бимирон info
التفاسير:

external-link copy
194 : 3

رَبَّنَا وَءَاتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَىٰ رُسُلِكَ وَلَا تُخۡزِنَا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ إِنَّكَ لَا تُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ

Парвардигоро, он чиро, ки ба василаи фиристодагонат ба мо ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва дар рӯзи қиёмат расвоямон магардон. Бе тардид, Ту хилофи ваъда намекунӣ" info
التفاسير: