Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

Ҳуҷурот

external-link copy
1 : 49

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيِ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

1. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, дар баробари Аллоҳу паёмбари Ӯ пешдастӣ макунед ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Аллоҳ ва паёмбараш муқаддам масозед ва аз пеши худ ҳукме накунед ва дар гуфтору кирдоратон аз Аллоҳ битарсед, зеро Аллоҳ ба гуфторатон шунаво ва ба кирдоратон доност![2632] info

[2632] Ин оят ваъид аст барои мӯъминон, ки дар шариати Аллоҳ чизеро навоварӣ накунанд. Тафсири Табарӣ 22\277

التفاسير: