Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

external-link copy
131 : 4

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَلَقَدۡ وَصَّيۡنَا ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ وَإِيَّاكُمۡ أَنِ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ وَإِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَنِيًّا حَمِيدٗا

131. Аз они Аллоҳ аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва ҳамоно аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо, эй умматони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)амр кардем, ки аз Аллоҳ битарсед ва шариъатро барпо доред ва агар куфр ҳам варзед, ҳеҷ зараре ба Аллоҳ натавонед расонид. Ба дурустӣ он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, зери тасарруфи Аллоҳ аст ва Ӯст бениёз аз халқаш ва лоиқи ситоиш аст дар сифот ва афъолаш![387] info

[387] Тафсири Табарӣ 9/295

التفاسير: