Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

external-link copy
96 : 3

إِنَّ أَوَّلَ بَيۡتٖ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكٗا وَهُدٗى لِّلۡعَٰلَمِينَ

96. Нахустин хонае, ки барои мардум барои ибодати Аллоҳ дар рўи замин бино шуд, “Байтуллоҳ” аст, ки дар Макка қарор дорад. Ва ин хона муборак аст, аҷру подош дар он зиёд мешавад, раҳматҳои Илоҳӣ дар он ҷо нозил мешаванд ва он қиблаи мўъминон аст. Хонаест, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст! info
التفاسير: