Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

Numero ng Pahina:close

external-link copy
78 : 28

قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمٍ عِندِيٓۚ أَوَلَمۡ يَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَهۡلَكَ مِن قَبۡلِهِۦ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مَنۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرُ جَمۡعٗاۚ وَلَا يُسۡـَٔلُ عَن ذُنُوبِهِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ

78. Қорун дар ҷавоби насиҳати қавмаш гуфт: «Ҳамоно он чӣ ба ман дода шудааст, аз ин ганҷҳо ба сабаби дониши ман буд». Оё Қорун надонистааст, ки ба таҳқиқ, Аллоҳ пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро, ки гуноҳашон муайян аст , аз гуноҳашон намепурсанд, балки ҳолати онҳоро медонад ва онҳоро азоб медиҳад[1896]. info

[1896] Тафсири Саъдӣ 1\623

التفاسير:

external-link copy
79 : 28

فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ فِي زِينَتِهِۦۖ قَالَ ٱلَّذِينَ يُرِيدُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا يَٰلَيۡتَ لَنَا مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ قَٰرُونُ إِنَّهُۥ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٖ

79. Пас рӯзе Қорун бо ороиш ва зинати хеш бар қавмаш берун омад, касоне, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ки ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ба дурустӣ, ки ӯ аз баҳраи бузург бархӯрдор аст». info
التفاسير:

external-link copy
80 : 28

وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَيۡلَكُمۡ ثَوَابُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لِّمَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗاۚ وَلَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلصَّٰبِرُونَ

80. Ва касоне, ки ба онҳо дониши (илми шариъат) дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо. Аз Аллоҳ битарсед ва Ӯро итоъат кунед, ки савоби Аллоҳ барои касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, беҳтар аст аз он чӣ ба Қорун дода шудааст. Ва ин насиҳатро ба ҷуз сабркунандагон касе дигар намепазиранд.»[1897]. info

[1897] Тафсири Бағавӣ 6\223

التفاسير:

external-link copy
81 : 28

فَخَسَفۡنَا بِهِۦ وَبِدَارِهِ ٱلۡأَرۡضَ فَمَا كَانَ لَهُۥ مِن فِئَةٖ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُنتَصِرِينَ

81. Пас, қорун ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Аллоҳ ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёриаш кунад ва низ худ ёрӣ кардани хеш наметавонист. info
التفاسير:

external-link copy
82 : 28

وَأَصۡبَحَ ٱلَّذِينَ تَمَنَّوۡاْ مَكَانَهُۥ بِٱلۡأَمۡسِ يَقُولُونَ وَيۡكَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُۖ لَوۡلَآ أَن مَّنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا لَخَسَفَ بِنَاۖ وَيۡكَأَنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

82. Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ бошанд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Аллоҳ рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар инъому фазли Аллоҳ бар мо намебуд, албатта моро ҳам замин мисли Қорун фурӯ мебурд. Аҷабо, ки кофирон на дар дунё ва на дар охират наҷот намеёбанд» info
التفاسير:

external-link copy
83 : 28

تِلۡكَ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ نَجۡعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوّٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فَسَادٗاۚ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ

83. Ин сарои охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек, ки ҷаннат аст,аз они парҳезгорон аст? info
التفاسير:

external-link copy
84 : 28

مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَى ٱلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

84. Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, подоши беҳтаре аз он дорад ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, пас бидонанд касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд. info
التفاسير: