Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

Numero ng Pahina:close

external-link copy
59 : 24

وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَـٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَـٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

59. Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт (яъне мисли ба балоғатрасидагон), рухсат талабанд. Аллоҳ таъоло оёт ва аҳкоми шариъати Худро инчунин равшан ва содда барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст дар қонунгузорӣ барои бандагонаш! info
التفاسير:

external-link copy
60 : 24

وَٱلۡقَوَٰعِدُ مِنَ ٱلنِّسَآءِ ٱلَّٰتِي لَا يَرۡجُونَ نِكَاحٗا فَلَيۡسَ عَلَيۡهِنَّ جُنَاحٌ أَن يَضَعۡنَ ثِيَابَهُنَّ غَيۡرَ مُتَبَرِّجَٰتِۭ بِزِينَةٖۖ وَأَن يَسۡتَعۡفِفۡنَ خَيۡرٞ لَّهُنَّۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

60. Занони калонсол, ки дигар умеди никоҳ надоранд ба сабаби калонсолӣ ва бешаҳватӣ гуноҳ нест бар инҳо ин, ки фурӯ ниҳанд рӯймол ва рӯкашаки худро. Вале зоҳир накунанд мавзеъи ороиши худро ва агар парҳезгорӣ кунанд (яъне, ба нагирифтани рӯймол ва рӯкашак аз сари худ), ин барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таъоло шунавову доност ![1764] info

[1764] Тафсири Саъдӣ 1/574

التفاسير:

external-link copy
61 : 24

لَّيۡسَ عَلَى ٱلۡأَعۡمَىٰ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡأَعۡرَجِ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرِيضِ حَرَجٞ وَلَا عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَن تَأۡكُلُواْ مِنۢ بُيُوتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ ءَابَآئِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أُمَّهَٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ إِخۡوَٰنِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَخَوَٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَعۡمَٰمِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ عَمَّٰتِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ أَخۡوَٰلِكُمۡ أَوۡ بُيُوتِ خَٰلَٰتِكُمۡ أَوۡ مَا مَلَكۡتُم مَّفَاتِحَهُۥٓ أَوۡ صَدِيقِكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَأۡكُلُواْ جَمِيعًا أَوۡ أَشۡتَاتٗاۚ فَإِذَا دَخَلۡتُم بُيُوتٗا فَسَلِّمُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ تَحِيَّةٗ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُبَٰرَكَةٗ طَيِّبَةٗۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

61. Бар нобино ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест барои нарафтан ба ҷиҳод. Ва бар шумо гуноҳе нест, агар аз хонаи худ ё хонаи падаратон ё хонаи модаратон ё хонаи бародаратон ё хонаи хоҳаратон ё хонаи амакатон ё хонаи аммаатон ё хонаи тағоятон ё хонаи холаатон ё хонае, ки калидҳои он назди шумост (яъне нигаҳбону вакили он хона шумоед) ё хонаи дӯстатон чизе бихӯред. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, агар бо ҳам бихӯред ё ҷудо- ҷудо. Ва чун ба хонае дохил шавед, бар якдигар салом кунед бо лафзи “ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу”. Ин таҳиятест муборак ва покиза аз ҷониби Аллоҳ таъоло . Ҳамчунин Аллоҳ таъоло оётҳои худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки оқилона биандешед! info
التفاسير: