Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ni Khojah Mirov Khojah Mir

external-link copy
267 : 2

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا كَسَبۡتُمۡ وَمِمَّآ أَخۡرَجۡنَا لَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِۖ وَلَا تَيَمَّمُواْ ٱلۡخَبِيثَ مِنۡهُ تُنفِقُونَ وَلَسۡتُم بِـَٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغۡمِضُواْ فِيهِۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ

267. Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рўёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипўшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст. info
التفاسير: