Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ng Sentro ng Rowad sa Pagsasalin

Numero ng Pahina:close

external-link copy
45 : 4

وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِأَعۡدَآئِكُمۡۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَلِيّٗا وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ نَصِيرٗا

Ва [эй муъминон] Аллоҳ таоло ба душманони шумо донотар аст ва кофӣ аст, ки Аллоҳ таоло ёр [-у корсозатон] бошад ва кофист, ки Аллоҳ таоло ёвар [-у мададгоратон] бошад info
التفاسير:

external-link copy
46 : 4

مِّنَ ٱلَّذِينَ هَادُواْ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ وَيَقُولُونَ سَمِعۡنَا وَعَصَيۡنَا وَٱسۡمَعۡ غَيۡرَ مُسۡمَعٖ وَرَٰعِنَا لَيَّۢا بِأَلۡسِنَتِهِمۡ وَطَعۡنٗا فِي ٱلدِّينِۚ وَلَوۡ أَنَّهُمۡ قَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَا وَٱسۡمَعۡ وَٱنظُرۡنَا لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ وَأَقۡوَمَ وَلَٰكِن لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفۡرِهِمۡ فَلَا يُؤۡمِنُونَ إِلَّا قَلِيلٗا

Бархе аз яҳудиён, калимоти [Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойи худ таҳриф мекунанд ва бо печондани забони худ ва ба қасди таъна задан дар дин [бо даромехтани забони ибрӣ бо арабӣ ба паёмбар] мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем" ва "Бишнав, ки [кош] ношунаво гардӣ"! Ва [низ ба тамасхур мегӯянд]: "Роъино" [ки дар ибрӣ мафҳуми тавҳиномезе дорад]. Вале агар онон мегуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем" ва "[суханони моро] бишнав ва ба мо муҳлат бидеҳ", ҳатман, барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале Аллоҳ таоло ононро ба хотири куфрашон лаънат кардааст. Пас, ҷуз [гурӯҳи] андак имон намеоваранд info
التفاسير:

external-link copy
47 : 4

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ ءَامِنُواْ بِمَا نَزَّلۡنَا مُصَدِّقٗا لِّمَا مَعَكُم مِّن قَبۡلِ أَن نَّطۡمِسَ وُجُوهٗا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰٓ أَدۡبَارِهَآ أَوۡ نَلۡعَنَهُمۡ كَمَا لَعَنَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلسَّبۡتِۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ مَفۡعُولًا

Эй аҳли китоб, ба он чи ки [бар Муҳаммад] нозил кардем ва китоби осмонӣ шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред, пеш аз он ки чеҳраҳоро маҳв кунем ва онҳоро [ҳамчун] пушти сарашон [софу зишт] бигардонем, ё эшонро ҳамчун асҳоби сабт [яҳудиёни нофармоне, ки рӯзи шанбе моҳӣ гирифтанд] лаънат кунем [ва ба шакли маймун дароварем] ва [бидонед, ки] фармони Аллоҳ таоло, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад info
التفاسير:

external-link copy
48 : 4

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا

Бе гумон, Аллоҳ таоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк варзад, яқинан, гуноҳи бузург ба гардан гирифтааст info
التفاسير:

external-link copy
49 : 4

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ يُزَكُّونَ أَنفُسَهُمۚ بَلِ ٱللَّهُ يُزَكِّي مَن يَشَآءُ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلًا

[Эй паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки хештанро пок мешуморанд [ва худситоӣ мекунанд? Чунин нест], балки Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад пок мегардонад ва ба эшон ба андозаи зарраи ночиз [ҳатто ба андозаи нахи рӯйи ҳастаи хурмо] ситам намешавад info
التفاسير:

external-link copy
50 : 4

ٱنظُرۡ كَيۡفَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۖ وَكَفَىٰ بِهِۦٓ إِثۡمٗا مُّبِينًا

[Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд! Ва ҳамин [амал ба унвони] гуноҳи ошкор кофӣ аст info
التفاسير:

external-link copy
51 : 4

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ نَصِيبٗا مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡجِبۡتِ وَٱلطَّٰغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ هَٰٓؤُلَآءِ أَهۡدَىٰ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ سَبِيلًا

Оё афроде [аз қавми яҳуд]-ро, ки баҳрае аз китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] ба бутҳо ва маъбудони ботил имон меоваранд? [Ин афрод аз рӯйи дӯстӣ ва мадоро] Дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: "Инон аз касоне, ки имон овардаанд, ҳидоятёфтатаранд" info
التفاسير: