Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ng Sentro ng Rowad sa Pagsasalin

Numero ng Pahina:close

external-link copy
25 : 21

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ

Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 21

وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۚ بَلۡ عِبَادٞ مُّكۡرَمُونَ

[Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ таоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
27 : 21

لَا يَسۡبِقُونَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ وَهُم بِأَمۡرِهِۦ يَعۡمَلُونَ

Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
28 : 21

يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ

[Аллоҳ таоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд info
التفاسير:

external-link copy
29 : 21

۞ وَمَن يَقُلۡ مِنۡهُمۡ إِنِّيٓ إِلَٰهٞ مِّن دُونِهِۦ فَذَٰلِكَ نَجۡزِيهِ جَهَنَّمَۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ

Ва ҳар касе аз онон бигӯяд: «Ба ҷуз ӯ ман [низ] маъбуд ҳастам», пас, вайро ба дузах кайфар медиҳем. [Оре] Ситамгоронро чунин кайфар медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
30 : 21

أَوَلَمۡ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ كَانَتَا رَتۡقٗا فَفَتَقۡنَٰهُمَاۖ وَجَعَلۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ كُلَّ شَيۡءٍ حَيٍّۚ أَفَلَا يُؤۡمِنُونَ

Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд? info
التفاسير:

external-link copy
31 : 21

وَجَعَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِهِمۡ وَجَعَلۡنَا فِيهَا فِجَاجٗا سُبُلٗا لَّعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ

Ва дар замин кӯҳҳое устувор ниҳодем, то мабодо ононро биларзонад ва дар он роҳҳое [васеъ] падид овардем, бошад, ки [дар сафарҳояшон ба мақсад] роҳ ёбанд info
التفاسير:

external-link copy
32 : 21

وَجَعَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ سَقۡفٗا مَّحۡفُوظٗاۖ وَهُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهَا مُعۡرِضُونَ

Ва осмонро сақфе маҳфуз қарор додем ва онон [мушрикон] аз [тафаккур дар] нишонаҳояш рӯйгардонанд info
التفاسير:

external-link copy
33 : 21

وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ

Ӯст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид [ва чунон муназзам сохт, ки] ҳар як [аз инҳо] дар мадоре [муайян] шиноваранд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 21

وَمَا جَعَلۡنَا لِبَشَرٖ مِّن قَبۡلِكَ ٱلۡخُلۡدَۖ أَفَإِيْن مِّتَّ فَهُمُ ٱلۡخَٰلِدُونَ

[Эй Паёмбар] Мо пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ қарор надодем. Оё агар ту бимирӣ, онон ҷовидонанд? info
التفاسير:

external-link copy
35 : 21

كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَنَبۡلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلۡخَيۡرِ فِتۡنَةٗۖ وَإِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ

Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва [эй мардум] шуморо бо бадӣ ва некӣ меозмоем ва [саранҷом] ба сӯйи Мо бозгарданда мешавед info
التفاسير: