Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ng Sentro ng Rowad sa Pagsasalin

Numero ng Pahina:close

external-link copy
38 : 2

قُلۡنَا ٱهۡبِطُواْ مِنۡهَا جَمِيعٗاۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَن تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Гуфтем: "Ҳамагӣ аз он [биҳишт] фуруд оед ва ҳар гоҳ аз ҷониби Ман раҳнамуде бароятон омад, касоне, ки аз он [ҳидоят] пайравӣ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд" info
التفاسير:

external-link copy
39 : 2

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Ва касоне, ки кофир шуданд ва нишонаҳои [қудрату яктоии] моро дурӯғ пиндоштанд, онон аҳли дӯзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд info
التفاسير:

external-link copy
40 : 2

يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتِيَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِيٓ أُوفِ بِعَهۡدِكُمۡ وَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ

Эй Бани Исроил [фарзандони Яъқуб], неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ба паймоне, ки бо ман бастаед, вафо кунед, то Ман низ ба паймони [худ бо] шумо [дар бораи неъматҳои дунё ва охират] вафо кунам ва танҳо аз ман битарсед info
التفاسير:

external-link copy
41 : 2

وَءَامِنُواْ بِمَآ أَنزَلۡتُ مُصَدِّقٗا لِّمَا مَعَكُمۡ وَلَا تَكُونُوٓاْ أَوَّلَ كَافِرِۭ بِهِۦۖ وَلَا تَشۡتَرُواْ بِـَٔايَٰتِي ثَمَنٗا قَلِيلٗا وَإِيَّٰيَ فَٱتَّقُونِ

Ва ба он чи нозил кардаам [Қуръон] имон биёваред, ки тасдиқкунандаи чизест, ки бо шумост ва нахустин кофир ба он набошед ва оёти маро ба баҳои ночиз нафурӯшед ва танҳо аз Ман битарсед info
التفاسير:

external-link copy
42 : 2

وَلَا تَلۡبِسُواْ ٱلۡحَقَّ بِٱلۡبَٰطِلِ وَتَكۡتُمُواْ ٱلۡحَقَّ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Ва, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед, ҳақро бо ботил наёмезед ва онро китмон [пинҳон] накунед info
التفاسير:

external-link copy
43 : 2

وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرۡكَعُواْ مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ

Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва бо намозгузорон намоз бихонед info
التفاسير:

external-link copy
44 : 2

۞ أَتَأۡمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلۡبِرِّ وَتَنسَوۡنَ أَنفُسَكُمۡ وَأَنتُمۡ تَتۡلُونَ ٱلۡكِتَٰبَۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ

Оё, дар ҳоле ки китоби [Таврот] – ро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳеду худро фаромӯш мекунед? Оё намеандешед? info
التفاسير:

external-link copy
45 : 2

وَٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى ٱلۡخَٰشِعِينَ

Ва аз сабру намоз ёрӣ ҷӯед; ва ба ростӣ, ки он [намоз] ҷуз ба фурӯтанон душвору гарон аст info
التفاسير:

external-link copy
46 : 2

ٱلَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُم مُّلَٰقُواْ رَبِّهِمۡ وَأَنَّهُمۡ إِلَيۡهِ رَٰجِعُونَ

Ҳамон касоне, ки яқин доранд, ки ба дидори Парвардигори хеш ноил хоҳанд шуд ва ба пешгоҳи Ӯ бозмегарданд info
التفاسير:

external-link copy
47 : 2

يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتِيَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ وَأَنِّي فَضَّلۡتُكُمۡ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

Эй Бани Исроил, неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва [низ] ин ки шуморо [ба далели бархӯрдорӣ аз ҳидоят] ба ҷаҳониён бартарӣ додам info
التفاسير:

external-link copy
48 : 2

وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا لَّا تَجۡزِي نَفۡسٌ عَن نَّفۡسٖ شَيۡـٔٗا وَلَا يُقۡبَلُ مِنۡهَا شَفَٰعَةٞ وَلَا يُؤۡخَذُ مِنۡهَا عَدۡلٞ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ

Ва аз рӯзе битарсед, ки касе чизе [аз азоби Аллоҳ таоло] – ро аз касе дафъ намекунад ва аз ӯ шафоат пазируфта намешавад ва на ғаромату фидяе гирифта мешавад ва на ёрӣ мешаванд info
التفاسير: