Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ng Sentro ng Rowad sa Pagsasalin

Numero ng Pahina:close

external-link copy
8 : 17

عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يَرۡحَمَكُمۡۚ وَإِنۡ عُدتُّمۡ عُدۡنَاۚ وَجَعَلۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ حَصِيرًا

[Эй Бани Исроил агар тавба кунед] Умед аст, ки Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад ва агар [ба табоҳӣ] бозгаштед, Мо низ бозмегардем ва дузахро зиндони кофирон кардаем info
التفاسير:

external-link copy
9 : 17

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرٗا كَبِيرٗا

Ба ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки барояшон подоше бузург [дар пеш] аст info
التفاسير:

external-link copy
10 : 17

وَأَنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا

Ва барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азобе дарднок муҳайё кардаем info
التفاسير:

external-link copy
11 : 17

وَيَدۡعُ ٱلۡإِنسَٰنُ بِٱلشَّرِّ دُعَآءَهُۥ بِٱلۡخَيۡرِۖ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ عَجُولٗا

Инсон [дар ҳангоми хашм, аз рӯи нодонӣ ва шитоб нафрин мекунад ва] бадиро металабад, ҳамон гуна ки некиро мехоҳад; ва инсон ҳамвора шитобзада аст info
التفاسير:

external-link copy
12 : 17

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ ءَايَتَيۡنِۖ فَمَحَوۡنَآ ءَايَةَ ٱلَّيۡلِ وَجَعَلۡنَآ ءَايَةَ ٱلنَّهَارِ مُبۡصِرَةٗ لِّتَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡ وَلِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ وَكُلَّ شَيۡءٖ فَصَّلۡنَٰهُ تَفۡصِيلٗا

Шабу рӯзро ду нишона [-и қудрату ягонагии хеш] қарор додем; ва нишонаи шабро маҳв [ва тира] кардем ва нишонаи рӯзро ошкору равшан қарор додем, то аз Парвардигоратон рӯзӣ биҷӯед ва шумори солҳо ва ҳисоб [-и вақоеъ]-ро бидонед; ва ҳар чизеро ба тафсил баён кардем info
التفاسير:

external-link copy
13 : 17

وَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلۡزَمۡنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِي عُنُقِهِۦۖ وَنُخۡرِجُ لَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ كِتَٰبٗا يَلۡقَىٰهُ مَنشُورًا

Ва [сарнавишти] рафтори ҳар инсонеро [то лаҳзаи ҳисобрасӣ] дар гарданаш бастаем ва рӯзи қиёмат барояш навиштае берун меоварем, ки онро кушода мебинад info
التفاسير:

external-link copy
14 : 17

ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبٗا

[Ба ӯ мегӯем] «Номаатро бихон. Кофӣ аст, ки имрӯз худ ҳисобгари хеш бошӣ» info
التفاسير:

external-link copy
15 : 17

مَّنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبۡعَثَ رَسُولٗا

Ҳар ки роҳ [-и рост] ёфт, ҷуз ин нест, ки ба суди хеш роҳ ёфтааст ва ҳар ки гумроҳ шуд, яқинан ба зиёни худ гумроҳ шудааст; ва ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро барнамедорад; ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад] info
التفاسير:

external-link copy
16 : 17

وَإِذَآ أَرَدۡنَآ أَن نُّهۡلِكَ قَرۡيَةً أَمَرۡنَا مُتۡرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيۡهَا ٱلۡقَوۡلُ فَدَمَّرۡنَٰهَا تَدۡمِيرٗا

Ва чун бихоҳем, [мардуми] шаҳреро нобуд кунем, [нахуст] ба сарватмандони cаркаши он ҷо фармони] итоат аз Аллоҳ таоло ва пайравӣ аз паёмбарон] медиҳем, сипас вақте дар он ҷо ба фасод [ва мухолифат] бархостанд, ваъдаи [азоби илоҳӣ бар] он муҳаққақ мегардад; пас, ононро ба сахтӣ нобуд мекунем info
التفاسير:

external-link copy
17 : 17

وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِنۢ بَعۡدِ نُوحٖۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا

Ва чи бисёр наслҳоеро, ки пас аз Нуҳ [зиндагӣ мекарданд] ҳалок кардем ва [ҳамин] кофӣ аст, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ [ва нисбат ба онон] биност info
التفاسير: