Salin ng mga Kahulugan ng Marangal na Qur'an - Salin sa Wikang Tajik ng Sentro ng Rowad sa Pagsasalin

Numero ng Pahina:close

external-link copy
96 : 12

فَلَمَّآ أَن جَآءَ ٱلۡبَشِيرُ أَلۡقَىٰهُ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ فَٱرۡتَدَّ بَصِيرٗاۖ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Пас, чун муждарасон омад ва он [пероҳан]-ро бар чеҳраи ӯ афканд, пас, ногаҳон бино шуд [ва] гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»? info
التفاسير:

external-link copy
97 : 12

قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا ٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَآ إِنَّا كُنَّا خَٰطِـِٔينَ

Гуфтанд: «Эй падар, барои мо [ба хотири] гуноҳонамон омурзиш бихоҳ, [чаро ки] яқинан, мо гунаҳгор будем» info
التفاسير:

external-link copy
98 : 12

قَالَ سَوۡفَ أَسۡتَغۡفِرُ لَكُمۡ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

[Яъқуб] Гуфт: «Ба зудӣ бароятон аз Парвардигорам омурзиш металабам. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст» info
التفاسير:

external-link copy
99 : 12

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَبَوَيۡهِ وَقَالَ ٱدۡخُلُواْ مِصۡرَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ

Пас, [ҳамагӣ ба Миср рафтанд ва] чун бар Юсуф ворид шуданд, ӯ падару модарашро [дар оғӯш гирифт ва] назди худ ҷой доду гуфт: «[Ҳамагӣ ба Миср дароед, ки иншоаллоҳ [аз ҳар гуна озоре] эмин хоҳед буд» info
التفاسير:

external-link copy
100 : 12

وَرَفَعَ أَبَوَيۡهِ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ وَخَرُّواْ لَهُۥ سُجَّدٗاۖ وَقَالَ يَٰٓأَبَتِ هَٰذَا تَأۡوِيلُ رُءۡيَٰيَ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَعَلَهَا رَبِّي حَقّٗاۖ وَقَدۡ أَحۡسَنَ بِيٓ إِذۡ أَخۡرَجَنِي مِنَ ٱلسِّجۡنِ وَجَآءَ بِكُم مِّنَ ٱلۡبَدۡوِ مِنۢ بَعۡدِ أَن نَّزَغَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بَيۡنِي وَبَيۡنَ إِخۡوَتِيٓۚ إِنَّ رَبِّي لَطِيفٞ لِّمَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ

Ва падару модарашро бар тахт нишонд ва [ҳамагӣ] барояш ба саҷда афтоданд ва [Юсуф] гуфт: «Падарҷон, ин таъбир [-и ҳамон] хобам аст, ки пештар дида будам. Парвардигорам онро рост гардонид [ва таҳаққуқ бахшид]. Яқинан, Ӯ ба ман некӣ кард, ки маро аз зиндон берун овард ва пас аз он ки шайтон миёни ману бародаронам фитна барпо кард, шуморо аз биёбон [-и Канъон ба Миср] овард. Бе тардид, Парвардигорам дар он чи мехоҳад, борикбин аст. Ба ростӣ, ки Ӯ донои ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
101 : 12

۞ رَبِّ قَدۡ ءَاتَيۡتَنِي مِنَ ٱلۡمُلۡكِ وَعَلَّمۡتَنِي مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَنتَ وَلِيِّۦ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ تَوَفَّنِي مُسۡلِمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ

Парвардигоро, маро аз фармонравоӣ [баҳрае] ато кардӣ ва илми таъбири хобҳо ба ман омӯхтӣ. Эй Падидоварандаи осмонҳо ва замин, Туӣ, ки дар дунё ва охират [дӯсту] корсози манӣ. Маро мусулмон [фармонбардор] бимирон ва ба шоистагон мулҳақ фармо» info
التفاسير:

external-link copy
102 : 12

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۖ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ أَجۡمَعُوٓاْ أَمۡرَهُمۡ وَهُمۡ يَمۡكُرُونَ

Эй Паёмбар] ин [достон] аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ҳангоме ки [бародарони Юсуф алайҳи вай] бадандешӣ мекарданд ва найранг мезаданд, ту наздашон набудӣ info
التفاسير:

external-link copy
103 : 12

وَمَآ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ وَلَوۡ حَرَصۡتَ بِمُؤۡمِنِينَ

Ва бештари мардум муъмин нестанд, ҳатто агар [барои имон оварданашон] ҳирс биварзӣ info
التفاسير: