పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్

పేజీ నెంబరు: 187:187 close

external-link copy
7 : 9

كَيۡفَ يَكُونُ لِلۡمُشۡرِكِينَ عَهۡدٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعِندَ رَسُولِهِۦٓ إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ فَمَا ٱسۡتَقَٰمُواْ لَكُمۡ فَٱسۡتَقِيمُواْ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

7.Чӣ гуна мушриконро бо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ аҳду паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷидулҳаром (дар Ҳудайбия) бо онҳо паймони сулҳ бастед, чун бар паймонашон собиту устувор истоданд, пас шумо ҳам бар паймонатон собиту устувор биистед. Ҳамоно Аллоҳ парҳезгоронро (ононро, ки дар аҳдашон устувор меистанд), дӯст медорад![861] info

[861] Тафсири Табарӣ 14/ 169

التفاسير:

external-link copy
8 : 9

كَيۡفَ وَإِن يَظۡهَرُواْ عَلَيۡكُمۡ لَا يَرۡقُبُواْ فِيكُمۡ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ يُرۡضُونَكُم بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَتَأۡبَىٰ قُلُوبُهُمۡ وَأَكۡثَرُهُمۡ فَٰسِقُونَ

8.Чӣ гуна бошад мушриконро аҳду паймоне!? Зеро агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Ва шуморо фирефта накунад муомила карданашон аз тарси шумо, зеро ки онҳо бо забон хушнудатон месозанд ва қабул намекунад дилҳояшон ва бисёриашон аз дин хориҷанд ва аҳду паймонҳоро мешикананд.[862] info

[862] Тафсири Бағавӣ 4/ 16

التفاسير:

external-link copy
9 : 9

ٱشۡتَرَوۡاْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ ثَمَنٗا قَلِيلٗا فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

9.Оёти Аллоҳро ба баҳои андаке аз моли дунё фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва бадкорӣ карданд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 9

لَا يَرۡقُبُونَ فِي مُؤۡمِنٍ إِلّٗا وَلَا ذِمَّةٗۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُعۡتَدُونَ

10.Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоят намекунанд ва инҳо (мушрикон) мардуми таҷовузкоранд. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 9

فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِۗ وَنُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

11.Пас агар тавба карданд аз ибодати ғайри Аллоҳ ва калимаи тавҳидро бар забон ронданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Аллоҳро барои мардуме, ки аз доноӣ бархӯрдоранд, баён мекунем.[863] info

[863] Тафсири Саъдӣ 1\329

التفاسير:

external-link copy
12 : 9

وَإِن نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُم مِّنۢ بَعۡدِ عَهۡدِهِمۡ وَطَعَنُواْ فِي دِينِكُمۡ فَقَٰتِلُوٓاْ أَئِمَّةَ ٱلۡكُفۡرِ إِنَّهُمۡ لَآ أَيۡمَٰنَ لَهُمۡ لَعَلَّهُمۡ يَنتَهُونَ

12.Ва чун баъди бастани паймон мушрикон савгандҳои худро шикастанд ва дар дини шумо таъна заданд, бо пешвоёни куфр ҷанг кунед, ки онҳоро иродаи савганд нигоҳ доштан нест. Бошад, ки аз кирдори бади худ (яъне, таъна задан дар Ислом) бозистанд.[864] info

[864] Тафсири Бағавӣ 4/ 17

التفاسير:

external-link copy
13 : 9

أَلَا تُقَٰتِلُونَ قَوۡمٗا نَّكَثُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ وَهَمُّواْ بِإِخۡرَاجِ ٱلرَّسُولِ وَهُم بَدَءُوكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٍۚ أَتَخۡشَوۡنَهُمۡۚ فَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخۡشَوۡهُ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

13.Оё намеҷангед бо мардуме, ки савганди худро шикастанд ва қасд карданд хориҷ кардани паёмбарро аз Макка ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва ҷанг) оғоз карданд? Оё аз онҳо метарсед? Бояд аз Аллоҳ битарсед, агар мӯъмини воқеъӣ ва ҳақиқӣ бошед.[865] info

[865] Тафсири Табарӣ 14/ 158

التفاسير: