పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్

పేజీ నెంబరు:close

external-link copy
105 : 7

حَقِيقٌ عَلَىٰٓ أَن لَّآ أَقُولَ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّۚ قَدۡ جِئۡتُكُم بِبَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَرۡسِلۡ مَعِيَ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

105. Шоиста аст, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман барои тасдиқ кардани паёмбарии худ ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Бани Исроилро озод кун ва бо ман бифирист, то ба замини муқаддас бозгарданд ва Аллоҳро парастиш кунанд»[703]. info

[703] Тафсири Бағавӣ 2\262

التفاسير:

external-link copy
106 : 7

قَالَ إِن كُنتَ جِئۡتَ بِـَٔايَةٖ فَأۡتِ بِهَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

106. Фиръавн гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар, ки ту фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастӣ». info
التفاسير:

external-link copy
107 : 7

فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ

107. Пас Мӯсо асояшро ба замин андохт, ногаҳон он аждаҳои воқеӣ шуд. info
التفاسير:

external-link copy
108 : 7

وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ

108. Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд. info
التفاسير:

external-link copy
109 : 7

قَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ

109. Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин шахс ҷодугари доно аст, info
التفاسير:

external-link copy
110 : 7

يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُمۡۖ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ

110. мехоҳад ҳамаи шуморо аз сарзаминатон (аз Миср) берун кунад. Фиръавн гуфт: Эй қавм чӣ мефармоед?» info
التفاسير:

external-link copy
111 : 7

قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَأَرۡسِلۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

111. Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва ба онон мӯҳлат бидеҳ ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист то ҳамаро ҷамъ кунанд[704], info

[704] Тафсири Саъдӣ 1\299

التفاسير:

external-link copy
112 : 7

يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٖ

112. то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд». info
التفاسير:

external-link copy
113 : 7

وَجَآءَ ٱلسَّحَرَةُ فِرۡعَوۡنَ قَالُوٓاْ إِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ

113. Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар пирӯз шавем, моро мукофоте ҳаст?» info
التفاسير:

external-link copy
114 : 7

قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ لَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

114. Гуфт: «Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд». info
التفاسير:

external-link copy
115 : 7

قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلۡقِيَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ نَحۡنُ ٱلۡمُلۡقِينَ

115. Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту он чиро ҳамроҳи худ дорӣ бияндоз ё мо бияндозем?» info
التفاسير:

external-link copy
116 : 7

قَالَ أَلۡقُواْۖ فَلَمَّآ أَلۡقَوۡاْ سَحَرُوٓاْ أَعۡيُنَ ٱلنَّاسِ وَٱسۡتَرۡهَبُوهُمۡ وَجَآءُو بِسِحۡرٍ عَظِيمٖ

116. Мусо (алайҳиссалом) гуфт: «Шумо бияндозед». Чун ресмон ва асоҳояшонро андохтанд ногоҳ бар асариҷодуяшон ресмонҳо ба морҳо табдил шуданд, ки роҳ мерафтанд[705], чашмони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд. info

[705] Тафсири Бағавӣ 3\265

التفاسير:

external-link copy
117 : 7

۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَلۡقِ عَصَاكَۖ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ

117. Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногаҳ диданд, фурӯ мебарад он морҳоеро, ки ба дурӯғ сохта буданд ва ба он мардумро фиреб медоданд. info
التفاسير:

external-link copy
118 : 7

فَوَقَعَ ٱلۡحَقُّ وَبَطَلَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

118. Пас ҳақ ба субут расид ва зоҳир шуд, корҳои ҷодугарон ботил гардид. info
التفاسير:

external-link copy
119 : 7

فَغُلِبُواْ هُنَالِكَ وَٱنقَلَبُواْ صَٰغِرِينَ

119. Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору зор бозгаштанд. (Пас онон донистанд ин нишона ва мӯъҷизаи бузург аз нишонаҳои Аллоҳ аст, ки онро ҷуз ба паёмбарон ба ҳеҷ кас намедиҳад)[706] info

[706] Тафсири Саъдӣ 1\299

التفاسير:

external-link copy
120 : 7

وَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ

120. Ҷодугарон ба саҷда афтоданд. info
التفاسير: