పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్

Ҷосия

external-link copy
1 : 45

حمٓ

1. Ҳо, Мим.[2529]. info

[2529]Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузаштааст

التفاسير:

external-link copy
2 : 45

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

2. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманди ҳаким, ки дар интиқом гирифтан аз душманонаш ғолиб аст ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст[2530]. info

[2530]Тафсири Табарӣ 22\59

التفاسير:

external-link copy
3 : 45

إِنَّ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

3. Албатта, дар ҳафт табақаҳои осмону замин ва он чӣ миёни онҳост, аз махлуқоти гуногун нишонаҳои ибратест барои мӯъминон![2531] info

[2531]Тафсири ибни Касир 7\264

التفاسير:

external-link copy
4 : 45

وَفِي خَلۡقِكُمۡ وَمَا يَبُثُّ مِن دَآبَّةٍ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ

4. Ва эй мардум, дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои мардуме, ки ба Аллоҳ ва шариъати Ӯ боварии яқин доранд. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 45

وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن رِّزۡقٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

5. Ва аз пайи якдигар омадани шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ аз осмон (борон) мефиристад ва замини мурдаро бо он борон зинда мекунад ва низ дар вазидани бодҳо, ки аз ҳар ҷиҳат барои манфиати шумо мевазанд, ибратҳоест барои оқилон. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 45

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتۡلُوهَا عَلَيۡكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَ ٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ يُؤۡمِنُونَ

6. Инҳо оятҳои (каломи) Аллоҳ аст, ки ба ростӣ бар ту эй Расул тиловат мекунем. Пас баъд аз китоби Аллоҳ ва оёти Ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки далолат бар маъбуди ҳақиқии Ӯ мекунанд, ба кадом сухан имон меоваранд?[2532] info

[2532] Тафсири Табарӣ 22\62

التفاسير:

external-link copy
7 : 45

وَيۡلٞ لِّكُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ

7. Вой, (ҳалок бод) ба ҳар сахт дурӯғпардози гунаҳкоре! info
التفاسير:

external-link copy
8 : 45

يَسۡمَعُ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٖ

8. Оятҳои(каломи) Аллоҳро, ки барӯ хонда мешаванд, мешунавад. Он гоҳ мутакаббирона давомат бар куфр дорад ва барои Аллоҳ ва расулаш сар фурӯ намеорад чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, эй Расул ӯро ба азоби дардоваре, ки дар рӯзи қиёмат воқеъ аст, башорат деҳ.[2533] info

[2533]Тафсири ибни Касир 7\265

التفاسير:

external-link copy
9 : 45

وَإِذَا عَلِمَ مِنۡ ءَايَٰتِنَا شَيۡـًٔا ٱتَّخَذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

9. Ва ҳаргоҳ бар чизе аз оёти Мо огоҳ шавад, он оятҳоро ба масхара мегирад, рӯзи қиёмат инҳо сазовори азоби хоркунандаанд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 45

مِّن وَرَآئِهِمۡ جَهَنَّمُۖ وَلَا يُغۡنِي عَنۡهُم مَّا كَسَبُواْ شَيۡـٔٗا وَلَا مَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ

10. Аз пушти сари онҳо[2534]ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Аллоҳи барҳақ маъбуд гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Ва барои онҳо азоби бузург аст![2535] info

[2534] Яъне, дар пеши онҳое, ки оёти Аллоҳро ба масхара мегиранд, ҷаҳаннам аст.
[2535] Тафсири Бағавӣ 7\242

التفاسير:

external-link copy
11 : 45

هَٰذَا هُدٗىۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَهُمۡ عَذَابٞ مِّن رِّجۡزٍ أَلِيمٌ

11. Ин Қуръоне, ки бар ту эй Расул нозил кардем, раҳнамудест барои роҳёфтагон ба Қуръони азим. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд ва онро тасдиқ надоранд, барояшон азобест аз навъи сахттарин азобҳои дардовар.[2536] info

[2536] Тафсири Табарӣ 22\64

التفاسير:

external-link copy
12 : 45

۞ ٱللَّهُ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَكُمُ ٱلۡبَحۡرَ لِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ فِيهِ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

12. Аллоҳ Зотест, ки баҳрро барои шумо мусаххар кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки ба неъматҳояш сипосгузор бошед ва танҳо Ӯро парастиш кунед ва дар он чи мефармояд ва манъ мекунад, фармонбардор бошед![2537] info

[2537] Тафсири Табарӣ 22\65

التفاسير:

external-link copy
13 : 45

وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا مِّنۡهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ

13. Ва он чиро дар осмонҳо аз офтобу маҳтоб ва ситорагон ва он чиро дар замин аст аз ҷонварон, дарахтон ва киштиҳо ва ғайраҳо барои фоидаи шумо ром кард. Ҳама аз они Ӯст. Ҳароина, дар ин нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар ягонагии Аллоҳ далолат мекунанд, барои мардуме, ки андеша мекунанд, ибратҳоест.[2538] info

[2538] Тафсири ибни Касир 7\266

التفاسير: