పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - రువాద్ అనువాద కేంద్రం

పేజీ నెంబరు:close

external-link copy
158 : 6

هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ رَبُّكَ أَوۡ يَأۡتِيَ بَعۡضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَۗ يَوۡمَ يَأۡتِي بَعۡضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ لَا يَنفَعُ نَفۡسًا إِيمَٰنُهَا لَمۡ تَكُنۡ ءَامَنَتۡ مِن قَبۡلُ أَوۡ كَسَبَتۡ فِيٓ إِيمَٰنِهَا خَيۡرٗاۗ قُلِ ٱنتَظِرُوٓاْ إِنَّا مُنتَظِرُونَ

Оё [кофирон] интизори ҷуз ин доранд, ки фариштагон [-и марг] наздашон биёянд ё Парвардигорат [худ барои доварӣ] биояд ё бархе аз нишонаҳои Парвардигорат [дар мавриди қиёмат] фаро расад? Рӯзе, ки бархе аз нишонаҳои Парвардигорат ошкор гардад, имон овардани касе, ки пештар имон наёварда ё бо имонаш хайре ҳосил накарда аст, суде ба ҳолаш надорад. [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Мунтазир бошед. Бе гумон мо [низ] мунтазирем» info
التفاسير:

external-link copy
159 : 6

إِنَّ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗا لَّسۡتَ مِنۡهُمۡ فِي شَيۡءٍۚ إِنَّمَآ أَمۡرُهُمۡ إِلَى ٱللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ

[Эй Паёмбар] касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва фирқа-фирқа шуданд, бе тардид туро бо онон коре нест; онон корашон фақат бо Аллоҳ таолост.Онгоҳ [Аллоҳ таоло дар рӯзи қиёмат] аз он чи мекарданд, огоҳашон месозад info
التفاسير:

external-link copy
160 : 6

مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشۡرُ أَمۡثَالِهَاۖ وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَىٰٓ إِلَّا مِثۡلَهَا وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ

[Дар он рӯз] Ҳар [муъмине] ки кори неке биоварад, даҳ баробараш [подош] хоҳад дошт ва ҳар ки кори баде биоварад, ҷуз монандаш кайфар нахоҳад дид ва ба онон ситам нахоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
161 : 6

قُلۡ إِنَّنِي هَدَىٰنِي رَبِّيٓ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ دِينٗا قِيَمٗا مِّلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۚ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст: дини пойдор [ва] оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд» info
التفاسير:

external-link copy
162 : 6

قُلۡ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحۡيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Бигӯ: «Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
163 : 6

لَا شَرِيكَ لَهُۥۖ وَبِذَٰلِكَ أُمِرۡتُ وَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ

[Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад ва ба ин [яктопарастӣ холисона] дастур ёфтаам ва ман нахустин мусулмон аз ин қавм ҳастам» info
التفاسير:

external-link copy
164 : 6

قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡغِي رَبّٗا وَهُوَ رَبُّ كُلِّ شَيۡءٖۚ وَلَا تَكۡسِبُ كُلُّ نَفۡسٍ إِلَّا عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرۡجِعُكُمۡ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ

Бигӯ: «Оё ба ҷуз Аллоҳи мутаол парвардигореро биҷӯем ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст? Ва ҳеҷ касе [кори ношоистае] анҷом намедиҳад, магар он ки [бори гуноҳаш] бар худи ӯст ва ҳеҷ гунаҳгоре бори [гуноҳи] дигареро ба дӯш намекашад. Сипас бозгашти [ҳамаи] шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ [дар рӯзи қиёмат, аз ҳақиқати] он чи дар он ихтилоф доштед, огоҳатон месозад info
التفاسير:

external-link copy
165 : 6

وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَكُمۡ خَلَٰٓئِفَ ٱلۡأَرۡضِ وَرَفَعَ بَعۡضَكُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٖ دَرَجَٰتٖ لِّيَبۡلُوَكُمۡ فِي مَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ ٱلۡعِقَابِ وَإِنَّهُۥ لَغَفُورٞ رَّحِيمُۢ

Ва Ӯст, ки шуморо ҷойнишини [пешиниён дар] замин қарор дод ва дараҷоти бархе аз шуморо [дар офариниш ва сарват] бар бархи дигар бартарӣ дод, то [ба василаи] он чи ба шумо додааст, озмоишатон кунад. Бе тардид, Парвардигорат зудкайфар аст ва яқинан Ӯ бисёр омурзанда [ва] меҳрубон аст info
التفاسير: