அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர்

பக்க எண்: 205:187 close

external-link copy
118 : 9

وَعَلَى ٱلثَّلَٰثَةِ ٱلَّذِينَ خُلِّفُواْ حَتَّىٰٓ إِذَا ضَاقَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَرۡضُ بِمَا رَحُبَتۡ وَضَاقَتۡ عَلَيۡهِمۡ أَنفُسُهُمۡ وَظَنُّوٓاْ أَن لَّا مَلۡجَأَ مِنَ ٱللَّهِ إِلَّآ إِلَيۡهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيۡهِمۡ لِيَتُوبُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

118. Ва низ Аллоҳ пазируфт тавбаи он се тан (аз ансориҳо)-ро,[952] ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид (ба сабаби ақибнишиниашон аз ҷанг) ва худ донистанд, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе надоранд, ки ба он рӯй оваранд. Пас Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст! info

[952] Каъб ибни Молик, Ҳилол ибни Умайя ва Мурора ибни Рабеъ

التفاسير:

external-link copy
119 : 9

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَكُونُواْ مَعَ ٱلصَّٰدِقِينَ

119. Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро баҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш бозистед ва бо ростгӯён бошед! info
التفاسير:

external-link copy
120 : 9

مَا كَانَ لِأَهۡلِ ٱلۡمَدِينَةِ وَمَنۡ حَوۡلَهُم مِّنَ ٱلۡأَعۡرَابِ أَن يَتَخَلَّفُواْ عَن رَّسُولِ ٱللَّهِ وَلَا يَرۡغَبُواْ بِأَنفُسِهِمۡ عَن نَّفۡسِهِۦۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ لَا يُصِيبُهُمۡ ظَمَأٞ وَلَا نَصَبٞ وَلَا مَخۡمَصَةٞ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَطَـُٔونَ مَوۡطِئٗا يَغِيظُ ٱلۡكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنۡ عَدُوّٖ نَّيۡلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُم بِهِۦ عَمَلٞ صَٰلِحٌۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

120. Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро насазад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Аллоҳ қафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне, аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд. Зеро дар роҳи Аллоҳ ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷе бар онҳо нарасад ва ё ба гуруснагӣ дучор нашаванд ё қадаме барнадоранд, ки кофиронро хашмгин созад, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Аллоҳ подоши некӯкоронро нобуд намесозад! info
التفاسير:

external-link copy
121 : 9

وَلَا يُنفِقُونَ نَفَقَةٗ صَغِيرَةٗ وَلَا كَبِيرَةٗ وَلَا يَقۡطَعُونَ وَادِيًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمۡ لِيَجۡزِيَهُمُ ٱللَّهُ أَحۡسَنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

121. Ва ҳеҷ харҷеро, хоҳ кам хоҳ зиёд намекунанд ва ҳеҷ сарзаминеро намегузаранд, магар барояшон навишта мешавад, то ки Аллоҳ некӯтарини он чи ки мекарданд, ба онон подош диҳад. info
التفاسير:

external-link copy
122 : 9

۞ وَمَا كَانَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لِيَنفِرُواْ كَآفَّةٗۚ فَلَوۡلَا نَفَرَ مِن كُلِّ فِرۡقَةٖ مِّنۡهُمۡ طَآئِفَةٞ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي ٱلدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوۡمَهُمۡ إِذَا رَجَعُوٓاْ إِلَيۡهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَحۡذَرُونَ

122. Ва мумкин нест мӯъминонро, ки ҳамагӣ барои ҷанги душманонашон ба сафар раванд. Пас чаро аз ҳар гурӯҳе чанд нафаре ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд (баъди илм гирифтан), мардуми худро бим кунанд. Бошад, ки аз азоби Илоҳӣ битарсанд? info
التفاسير: