அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர்

பக்க எண்:close

external-link copy
6 : 60

لَقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِيهِمۡ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَۚ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ

6. Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон дар зиндагии Иброҳим алайҳиссалом ва пайравонаш сармашқи хубе аст барои касе, ки ба дидори Аллоҳ ванаҷоти рӯзи қиёмат умед дорад ва ҳар кӣ иқтидо аз паёмбарони Ӯ рӯй гардонад ва ба душманони Аллоҳ робитаи дӯстона кунад, пас албатта, Аллоҳ аз имон ва тоъати бандагонаш бениёз аст ва дар назди дӯстон ва аҳли тоъаташ сутуда аст![2877] info

[2877] Тафсири Табарӣ 23\320

التفاسير:

external-link copy
7 : 60

۞ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَجۡعَلَ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَ ٱلَّذِينَ عَادَيۡتُم مِّنۡهُم مَّوَدَّةٗۚ وَٱللَّهُ قَدِيرٞۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

7. Шояд Аллоҳ дар миёни шумо эй мӯъминон ва дар миёни касоне, ки бо онҳо душманӣ доштед, аз хешовандонатон аз мушрикон бо тавфиқ додани онон ба имон ва қабули ислом дӯстӣ падид оварад. Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст ва Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст![2878] info

[2878] Тафсири Бағавӣ 8\95

التفاسير:

external-link copy
8 : 60

لَّا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَلَمۡ يُخۡرِجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ أَن تَبَرُّوهُمۡ وَتُقۡسِطُوٓاْ إِلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ

8. Аллоҳ шуморо эй мӯъминон аз некӣ кардан ва адолат варзидан ба онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар гуфтор ва кирдорашон ба адолат рафтор мекунанд, дӯст медорад. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 60

إِنَّمَا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ قَٰتَلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَأَخۡرَجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ وَظَٰهَرُواْ عَلَىٰٓ إِخۡرَاجِكُمۡ أَن تَوَلَّوۡهُمۡۚ وَمَن يَتَوَلَّهُمۡ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

9. Фақат Аллоҳ аз дӯстӣ варзидан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзаминатон (яъне, Макка) берунатон рондаанд ва аз барои берун рондани шумо дигаронро кӯмак ва пуштибонӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ варзад, пас он гурӯҳ ситамкоронанд ва аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ хориҷанд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 60

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا جَآءَكُمُ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ مُهَٰجِرَٰتٖ فَٱمۡتَحِنُوهُنَّۖ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِإِيمَٰنِهِنَّۖ فَإِنۡ عَلِمۡتُمُوهُنَّ مُؤۡمِنَٰتٖ فَلَا تَرۡجِعُوهُنَّ إِلَى ٱلۡكُفَّارِۖ لَا هُنَّ حِلّٞ لَّهُمۡ وَلَا هُمۡ يَحِلُّونَ لَهُنَّۖ وَءَاتُوهُم مَّآ أَنفَقُواْۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ أَن تَنكِحُوهُنَّ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّۚ وَلَا تُمۡسِكُواْ بِعِصَمِ ٱلۡكَوَافِرِ وَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقۡتُمۡ وَلۡيَسۡـَٔلُواْ مَآ أَنفَقُواْۚ ذَٰلِكُمۡ حُكۡمُ ٱللَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡۖ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

10. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариати ӯ амал кардаед, чун занони мӯъмине, ки ҳиҷрат кардаанд, аз дори куфр ба дори ислом ба наздатон оянд, пас онҳоро озмоиш кунед, то аз ҳақиқати имонашон огоҳӣ пайдо намоед. Аллоҳ ба ҳақиқати имонашон донотар аст. Пас, агар донистед аз зоҳири ҳолашон, ки имон овардаанд, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед. Зеро инҳо мӯъминазанҳо бар никоҳи мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар никоҳи онҳо ҳалол нестанд. Ва он чиро шавҳарони кофир дар ҳаққи заноне, ки ба сӯи шумо рафтаанд, харҷ кардаанд ба онҳо бидиҳед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе бар шумо нест. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва шумо низ эй мӯъминон, ҳар чӣ харҷ кардаед, ба заноне, ки аз никоҳи шумо берун рафтаанд, аз мардони кофир харҷи маҳрро талаб кунед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд дар маҳри он заноне, ки ба никоҳи шумо даромадаанд, аз шумо талаб кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ аст. Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад, пас, ҳукми Аллоҳро мухолифат накунед ва Ӯ доно аст ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳаким аст дар гуфтору корҳояш[2879] info

[2879] Тафсири Бағавӣ 8\99

التفاسير:

external-link copy
11 : 60

وَإِن فَاتَكُمۡ شَيۡءٞ مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۡ إِلَى ٱلۡكُفَّارِ فَعَاقَبۡتُمۡ فَـَٔاتُواْ ٱلَّذِينَ ذَهَبَتۡ أَزۡوَٰجُهُم مِّثۡلَ مَآ أَنفَقُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ

11. Ва агар яке аз занони шумо муртад шуд ва ба кофирон пайваст ва кофирон маҳре, ки шумо дар ҳаққи он занон сарф намудаед, ба шумо надоданд ва он гоҳ шумо дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва ба интиқом аз кофирон бархостед, пас аз амволи ғанимат гирифта шуда ба касоне, ки занонашон ба сӯи кофирон рафтаанд, монанди он чизе, ки харҷ кардаанд дар маҳри он занон, бидиҳед[2880] ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон доред, битарсед! info

[2880] Яъне, лозим аст бар мусалмонон аз моли ғанимат қабл аз тақсими он ба ӯ бидиҳанд. Тафсири Саъдӣ 1\857

التفاسير: