அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர்

Муҳаммад

external-link copy
1 : 47

ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ أَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

1. Аллоҳ аъмоли неки касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ботил сохт. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 47

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَءَامَنُواْ بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٖ وَهُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡ كَفَّرَ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَأَصۡلَحَ بَالَهُمۡ

2. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ (яъне, Қуръон) бар Муҳаммад нозил шуда, ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардаанд, Аллоҳ гуноҳонашонро мебахшад ва он чи аз амалҳои баде анҷом додаанд, азобашон намекунад ва корҳояшонро дар дунёву охират ба салоҳ меоварад.[2586] info

[2586] Тафсири Табарӣ 22\151

التفاسير:

external-link copy
3 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡبَٰطِلَ وَأَنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡحَقَّ مِن رَّبِّهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ أَمۡثَٰلَهُمۡ

3. Ва ин зоеъ сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон ба он сабаб аст, ки кофирон ботилро (шайтон) пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, пайравӣ карданд ҳаққеро[2587], ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд. Аллоҳ барои мардум инчунин мисолҳои онҳоро баён мекунад.[2588] info

[2587] Яъне, Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
[2588] Тафсири Табарӣ 22\153

التفاسير:

external-link copy
4 : 47

فَإِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَضَرۡبَ ٱلرِّقَابِ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَثۡخَنتُمُوهُمۡ فَشُدُّواْ ٱلۡوَثَاقَ فَإِمَّا مَنَّۢا بَعۡدُ وَإِمَّا فِدَآءً حَتَّىٰ تَضَعَ ٱلۡحَرۡبُ أَوۡزَارَهَاۚ ذَٰلِكَۖ وَلَوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَٱنتَصَرَ مِنۡهُمۡ وَلَٰكِن لِّيَبۡلُوَاْ بَعۡضَكُم بِبَعۡضٖۗ وَٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

4. Пас эй мӯъминон чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед дар майдони ҷанг, гарданашонро бизанед. Ва ҳамчунин идома диҳед, то ба андозае душманро ба куштан ё захмӣ кардан , заъиф намоед ва чун онҳоро сахт фурӯ куфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ оноҳро ба эҳсон озод кунед ё ба фидя (ба ивази пулу мол). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Аллоҳ. Ва агар Аллоҳ мехост на ба роҳи ҷанг, балки аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва дигар офатҳо аз онкофирон интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шудаанд, ҳаргиз савоби аъмолашонро ботил намекунад. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 47

سَيَهۡدِيهِمۡ وَيُصۡلِحُ بَالَهُمۡ

5. Ба зудӣ, Аллоҳ дар дунё бо тоъат ва ризоияти худаш ононро ҳидоят хоҳад кард ва корҳояшонро ба салоҳ меоварад. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 47

وَيُدۡخِلُهُمُ ٱلۡجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمۡ

6. Ва ононро ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохил месозад ва манзилҳояшонро барояшон муаррифӣ менамояд.[2589] info

[2589] Тафсири Бағавӣ 7\280

التفاسير:

external-link copy
7 : 47

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ

7. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал намудаед, агар дини Аллоҳро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ёрӣ кунед, шуморо бар зидди душманонатон ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.[2590] info

[2590] Тафсири Саъдӣ 1\785

التفاسير:

external-link copy
8 : 47

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَتَعۡسٗا لَّهُمۡ وَأَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

8. Ва касоне, ки куфр варзиданд, марг бар онон бод!Аллоҳ аъмолашонро ботил кардааст. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ

9.Зеро онон чизеро, аз Қуръон, ки Аллоҳ нозил кардааст, бар паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нохуш доштанд ва ба он бовар надоранд. Дар натиҷа Аллоҳ аъмолашонро нобуд кард, зеро дар тоъати шайтон буданд.[2591] info

[2591]Тафсири Табарӣ 22\161

التفاسير:

external-link copy
10 : 47

۞ أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ دَمَّرَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۖ وَلِلۡكَٰفِرِينَ أَمۡثَٰلُهَا

10. Оё кофирон дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд, чӣ гуна будааст? Аллоҳ ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате монанди онҳоро доранд.[2592] info

[2592] Тафсири Саъдӣ 1\786

التفاسير:

external-link copy
11 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ مَوۡلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَأَنَّ ٱلۡكَٰفِرِينَ لَا مَوۡلَىٰ لَهُمۡ

11. Ин (яъне, ёрӣ додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ёвари касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ дӯст ва ёваре нест. info
التفاسير: