د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر

د مخ نمبر:close

external-link copy
25 : 57

لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَنزَلۡنَا مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمِيزَانَ لِيَقُومَ ٱلنَّاسُ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَنزَلۡنَا ٱلۡحَدِيدَ فِيهِ بَأۡسٞ شَدِيدٞ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَلِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥ وَرُسُلَهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٞ

25. Ҳамоно Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобро ба аҳкому шариъатҳояш ва тарозуро низ нозил кардем, то мардум байни якдигар ба адолат амал кунанд ва оҳанро, ки дар он нерӯи сахт ва манфиъатҳои дигаре барои мардум ҳаст, фурӯ фиристодем, то Аллоҳ бидонад ва бубинад дар олами воқеъ чӣ касе нодида Ӯро ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Албатта, Аллоҳ тавоно аст, нотавон карда намешавад, пирӯзманд аст, мағлуб карда намешавад[2828]! info

[2828] Тафсири Бағавӣ 8\41

التفاسير:

external-link copy
26 : 57

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحٗا وَإِبۡرَٰهِيمَ وَجَعَلۡنَا فِي ذُرِّيَّتِهِمَا ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلۡكِتَٰبَۖ فَمِنۡهُم مُّهۡتَدٖۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ

26. Ва ҳамоно Мо Нӯҳу Иброҳимро ба сӯи қавмашон ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Пас аз миёни онҳо баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бисёре аз онҳо фосиқанд.[2829] info

[2829]Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд. Тафсири Табарӣ 23\202

التفاسير:

external-link copy
27 : 57

ثُمَّ قَفَّيۡنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِرُسُلِنَا وَقَفَّيۡنَا بِعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡإِنجِيلَۖ وَجَعَلۡنَا فِي قُلُوبِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ رَأۡفَةٗ وَرَحۡمَةٗۚ وَرَهۡبَانِيَّةً ٱبۡتَدَعُوهَا مَا كَتَبۡنَٰهَا عَلَيۡهِمۡ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ رِضۡوَٰنِ ٱللَّهِ فَمَا رَعَوۡهَا حَقَّ رِعَايَتِهَاۖ فَـَٔاتَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنۡهُمۡ أَجۡرَهُمۡۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ

27. Боз аз паи онҳо Нӯҳу Иброҳим паёмбарони худро фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз паси онҳо фиристодем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш меҳрубонию бахшииш қарор додем. Ва раҳбонияте[2830], ки худ ӯро пайдо карда буданд. Мо онро барояшон фарз накарда будем, аммо дар он хушнудии Аллоҳ меҷӯстанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз миёни онҳо касонеро, ки имон ба Аллоҳу паёмбаронаш оварда буданд, мувофиқ ба имонашон подош додем, вале бисёре аз онҳо фосиқонанд.[2831] info

[2830] Ибодатест, ки худ онро ба вуҷуд оварданд ва онро бар худ воҷиб карданд ва худро бар он лозим донистанд. Монанди гӯшанишини, тарки издивоҷ, тарки дунё ва ғайра.
[2831]Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд ва ба паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон наёвардаанд Тафсири Саъдӣ 1\842

التفاسير:

external-link copy
28 : 57

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَءَامِنُواْ بِرَسُولِهِۦ يُؤۡتِكُمۡ كِفۡلَيۡنِ مِن رَّحۡمَتِهِۦ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ نُورٗا تَمۡشُونَ بِهِۦ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

28. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, то ба он роҳ равед ва барои шумо гуноҳонатонро меомӯрзад. Ва Аллоҳ бо бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст,[2832] info

[2832] Тафсири Табарӣ 23\209

التفاسير:

external-link copy
29 : 57

لِّئَلَّا يَعۡلَمَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ أَلَّا يَقۡدِرُونَ عَلَىٰ شَيۡءٖ مِّن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱلۡفَضۡلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ

29. то аҳли китоб (онон, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон наовардаанд), бидонанд, ки онҳо бар чизе аз фазли Аллоҳ қодир нестанд ва ҳароина, ин фазл ва ато ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, арзонӣ медорад ва Аллоҳ дорои бахшоиши азиме аст! info
التفاسير: