د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - مرکز رواد الترجمة

د مخ نمبر:close

external-link copy
16 : 42

وَٱلَّذِينَ يُحَآجُّونَ فِي ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا ٱسۡتُجِيبَ لَهُۥ حُجَّتُهُمۡ دَاحِضَةٌ عِندَ رَبِّهِمۡ وَعَلَيۡهِمۡ غَضَبٞ وَلَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٌ

Касоне, ки пас аз пазириши умумӣ, дар бораи [ҳаққонияти дини] Аллоҳ таоло далел меоваранд, мантиқашон назди Парвардигорашон [ботил ва ] бепоя аст. Хашм [-и илоҳӣ] гиребонгирашон мешавад ва азобе сахт [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 42

ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ وَٱلۡمِيزَانَۗ وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ قَرِيبٞ

Аллоҳ таоло аст, ки Қуръон ва миқёси адолатро ба ҳақ нозил кардааст ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад info
التفاسير:

external-link copy
18 : 42

يَسۡتَعۡجِلُ بِهَا ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِهَاۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مُشۡفِقُونَ مِنۡهَا وَيَعۡلَمُونَ أَنَّهَا ٱلۡحَقُّۗ أَلَآ إِنَّ ٱلَّذِينَ يُمَارُونَ فِي ٱلسَّاعَةِ لَفِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٍ

Касоне, ки қиёматро бовар надоранд, [бо тамасхур ва] ба шитоб онро мехоҳанд. Ва касоне, ки [ба рӯзи ҷазо] бовар доранд ва медонанд, ки ҳақ аст, аз он дар ҳаросанд. Огоҳ бошед! Онон, ки дар мавриди қиёмат ҷадалу инкор мекунанд, дар гумроҳии бепоёне қарор доранд info
التفاسير:

external-link copy
19 : 42

ٱللَّهُ لَطِيفُۢ بِعِبَادِهِۦ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُۖ وَهُوَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡعَزِيزُ

Аллоҳ таоло нисбат ба бандагонаш борикбин [ва меҳрубон] аст. Ба ҳар кас, ки бихоҳад, рӯзӣ мебахшад ва Ӯ тавонои шикастнопазир аст info
التفاسير:

external-link copy
20 : 42

مَن كَانَ يُرِيدُ حَرۡثَ ٱلۡأٓخِرَةِ نَزِدۡ لَهُۥ فِي حَرۡثِهِۦۖ وَمَن كَانَ يُرِيدُ حَرۡثَ ٱلدُّنۡيَا نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَا وَمَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِن نَّصِيبٍ

Касе, ки кишти охиратро бихоҳад, кишташро баракат мебахшем ва ҳар ки [танҳо] кишти дунёро бихоҳад, дар ихтиёраш қарор медиҳем, вале дар охират баҳрае нахоҳад дошт info
التفاسير:

external-link copy
21 : 42

أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةُ ٱلۡفَصۡلِ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд? Агар ҳукми қатъӣ [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] дар миён набуд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва ситамгорон азобе дарднок [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 42

تَرَى ٱلظَّٰلِمِينَ مُشۡفِقِينَ مِمَّا كَسَبُواْ وَهُوَ وَاقِعُۢ بِهِمۡۗ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فِي رَوۡضَاتِ ٱلۡجَنَّاتِۖ لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمۡۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡكَبِيرُ

[Дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро аз дастовардашон ҳаросон мебинӣ ва [хоҳӣ дид, ки кайфари он корҳо] домангирашон аст, вале муъминони накукор дар боғҳои биҳиштанд, ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Фазлу бахшиши бузург ҳамин аст info
التفاسير: