د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - مرکز رواد الترجمة

د مخ نمبر: 90:77 close

external-link copy
80 : 4

مَّن يُطِعِ ٱلرَّسُولَ فَقَدۡ أَطَاعَ ٱللَّهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗا

Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ таоло итоат кардааст ва ҳар ки рӯйгардон шавад, [аз ӯ андуҳгин мабош, эй паёмбар, зеро Мо ҳаргиз] туро бар онон нигаҳбон [-у муроқиб] нафиристодаем info
التفاسير:

external-link copy
81 : 4

وَيَقُولُونَ طَاعَةٞ فَإِذَا بَرَزُواْ مِنۡ عِندِكَ بَيَّتَ طَآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ غَيۡرَ ٱلَّذِي تَقُولُۖ وَٱللَّهُ يَكۡتُبُ مَا يُبَيِّتُونَۖ فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلًا

Онон [назди ту] мегӯянд: "Фармонбардорем", вале чун аз ҳузурат берун мераванд, гурӯҳе аз онон шабона чизе ҷуз он чи ту гуфтаӣ, тадбир мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки шабона дар сар мепарваранд, сабт мекунад. Пас, аз онон рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и ту] бошад info
التفاسير:

external-link copy
82 : 4

أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَۚ وَلَوۡ كَانَ مِنۡ عِندِ غَيۡرِ ٱللَّهِ لَوَجَدُواْ فِيهِ ٱخۡتِلَٰفٗا كَثِيرٗا

Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз сӯйи [касе] ғайр аз Аллоҳ таоло буд, ҳатман, ихтилоф [ва таноқузи] бисёре дар он меёфтанд? info
التفاسير:

external-link copy
83 : 4

وَإِذَا جَآءَهُمۡ أَمۡرٞ مِّنَ ٱلۡأَمۡنِ أَوِ ٱلۡخَوۡفِ أَذَاعُواْ بِهِۦۖ وَلَوۡ رَدُّوهُ إِلَى ٱلرَّسُولِ وَإِلَىٰٓ أُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنۡهُمۡ لَعَلِمَهُ ٱلَّذِينَ يَسۡتَنۢبِطُونَهُۥ مِنۡهُمۡۗ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ لَٱتَّبَعۡتُمُ ٱلشَّيۡطَٰنَ إِلَّا قَلِيلٗا

Ҳангоме ки хабаре аз эминӣ [ва пирӯзӣ] ё тарс [ва шикаст] ба онон мерасад, [бидуни ҳеҷ таҳқиқе] онро фош месозанд, ва [-ле] агар онро ба паёмбар ва фармондеҳонашон бозгардонанд, афроде аз онон, ки аҳли [фаҳму] истинбот ҳастанд, ҳатман, [маслиҳати эълом ё китмони ахборро беҳтар] медонанд. Ва [эй муъминон] агар фазлу раҳмати Аллоҳ таоло бар шумо набуд, ҷуз андаке [ҳамагӣ] аз шайтон пайравӣ мекардед info
التفاسير:

external-link copy
84 : 4

فَقَٰتِلۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا تُكَلَّفُ إِلَّا نَفۡسَكَۚ وَحَرِّضِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۖ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَكُفَّ بَأۡسَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ وَٱللَّهُ أَشَدُّ بَأۡسٗا وَأَشَدُّ تَنكِيلٗا

Пас, [эй паёмбар] дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кун. Ту уҳдадори касе ҷуз худ нестӣ, ва [-ле] муъминонро [низ ба ҷиҳод] ташвиқ кун. Умед аст, ки Аллоҳ таоло осеби кофиронро аз шумо боздорад ва Аллоҳ таоло қудраташ бештар ва кайфараш сахттар аст info
التفاسير:

external-link copy
85 : 4

مَّن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةً حَسَنَةٗ يَكُن لَّهُۥ نَصِيبٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةٗ سَيِّئَةٗ يَكُن لَّهُۥ كِفۡلٞ مِّنۡهَاۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ مُّقِيتٗا

Касе, ки шафоати писандидае кунад, аз [хайри] он насибе хоҳад дошт ва касе, ки шафоати нописанде кунад, аз [шарри] он насибе хоҳад дошт. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе муроқиб аст info
التفاسير:

external-link copy
86 : 4

وَإِذَا حُيِّيتُم بِتَحِيَّةٖ فَحَيُّواْ بِأَحۡسَنَ مِنۡهَآ أَوۡ رُدُّوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَسِيبًا

[Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст info
التفاسير: