د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - مرکز رواد الترجمة

د مخ نمبر:close

external-link copy
154 : 2

وَلَا تَقُولُواْ لِمَن يُقۡتَلُ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتُۢۚ بَلۡ أَحۡيَآءٞ وَلَٰكِن لَّا تَشۡعُرُونَ

Ва ба онҳо, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта мешаванд, мурда нагӯед, балки онон [назди Парвардигорашон] зиндаанд, вале шумо намефаҳмед info
التفاسير:

external-link copy
155 : 2

وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ

Ва ҳатман шуморо бо чизе аз [қабили] тарсу гуруснагӣ [қаҳтӣ] ва зиёни молӣ [нобудӣ ё душвории касби он] ва ҷонӣ [маргу мир ё шаҳодат] ва зиёни маҳсулот [-и кишоварзӣ] меозмоем ва [эй паёмбар] сабркунандагонро [ба он чи дар дунё ва охират барояшон фароҳам меояд] башорат бидеҳ info
التفاسير:

external-link copy
156 : 2

ٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةٞ قَالُوٓاْ إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّآ إِلَيۡهِ رَٰجِعُونَ

Онон, ки ҳар гоҳ мусибате ба эшон мерасад, [аз рӯйи ризоият ва таслим] мегӯянд: "Ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ таоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем" info
التفاسير:

external-link copy
157 : 2

أُوْلَٰٓئِكَ عَلَيۡهِمۡ صَلَوَٰتٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَرَحۡمَةٞۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُهۡتَدُونَ

Инҳо ҳастанд, ки дурудҳо ва раҳмате аз Парвардигорашон бар эшон аст ва маҳз инҳо ҳидоятёфтагонанд info
التفاسير:

external-link copy
158 : 2

۞ إِنَّ ٱلصَّفَا وَٱلۡمَرۡوَةَ مِن شَعَآئِرِ ٱللَّهِۖ فَمَنۡ حَجَّ ٱلۡبَيۡتَ أَوِ ٱعۡتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِ أَن يَطَّوَّفَ بِهِمَاۚ وَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَإِنَّ ٱللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ

"Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ таоло аст. Пас, ҳар ки ҳаҷҷи хона [-и Каъба] ё умра ба ҷой меоварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки тавофи [саъй] байни он дуро [низ] анҷом диҳад [ва ин кор аз рафторҳои ҷоҳилият шуморида намешавад] ва касе, ки ба майли худ кори неке анҷом диҳад, пас, [бидонад, ки] бе тардид Аллоҳ таоло сипосгузори доност info
التفاسير:

external-link copy
159 : 2

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلۡهُدَىٰ مِنۢ بَعۡدِ مَا بَيَّنَّٰهُ لِلنَّاسِ فِي ٱلۡكِتَٰبِ أُوْلَٰٓئِكَ يَلۡعَنُهُمُ ٱللَّهُ وَيَلۡعَنُهُمُ ٱللَّٰعِنُونَ

Касоне, ки он чиро аз далоили равшан ва ҳидоят нозил кардаем – пас аз он, ки дар китоби [Таврот ва Инҷил] барои мардум баёнаш намудем – пинҳон медоранд, Аллоҳ таоло ононро лаънат мекунад ва лаънаткунандагон [аз фариштагону муъминон] лаънаташон мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
160 : 2

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ وَأَصۡلَحُواْ وَبَيَّنُواْ فَأُوْلَٰٓئِكَ أَتُوبُ عَلَيۡهِمۡ وَأَنَا ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Магар касоне, ки тавба кунанд ва [корҳои ношоистаи худро] ислоҳ намоянд ва [ҳақиқатро] ошкор созанд. Инон ҳастанд, ки тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам info
التفاسير:

external-link copy
161 : 2

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٌ أُوْلَٰٓئِكَ عَلَيۡهِمۡ لَعۡنَةُ ٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ

Касоне, ки куфр варзиданд [ва ба инкори ҳақ кӯшиданд] ва дар ҳоли куфр мурданд, лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онҳо хоҳад буд info
التفاسير:

external-link copy
162 : 2

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

Дар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд info
التفاسير:

external-link copy
163 : 2

وَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ

[Эй мардум] маъбуди шумо маъбуди ягона аст [ки] ба ҷуз Ӯ [ҳеҷ] маъбуде [ба ҳақ] нест; бахшандаву меҳрубон аст info
التفاسير: