د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - مرکز رواد الترجمة

د مخ نمبر:close

external-link copy
18 : 17

مَّن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعَاجِلَةَ عَجَّلۡنَا لَهُۥ فِيهَا مَا نَشَآءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلۡنَا لَهُۥ جَهَنَّمَ يَصۡلَىٰهَا مَذۡمُومٗا مَّدۡحُورٗا

Ҳар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад info
التفاسير:

external-link copy
19 : 17

وَمَنۡ أَرَادَ ٱلۡأٓخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعۡيَهَا وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ كَانَ سَعۡيُهُم مَّشۡكُورٗا

Ва ҳар ки [зиндагии] охиратро бихоҳад ва барои [расидан ба] он бо ҷиддият бикӯшад ва муъмин бошад, пас, инонанд, ки аз талошашон қадрдонӣ хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 17

كُلّٗا نُّمِدُّ هَٰٓؤُلَآءِ وَهَٰٓؤُلَآءِ مِنۡ عَطَآءِ رَبِّكَۚ وَمَا كَانَ عَطَآءُ رَبِّكَ مَحۡظُورًا

Ҳамаро - [хоҳ] ин гурӯҳи [бадкор] ва [ё] он гурӯҳи [накукор] - аз бахшиш [ва неъматҳои дунявии] Парвардигорат баҳраманд месозем ва бахшиши Парвардигорат [аз касе] манъ нашудааст info
التفاسير:

external-link copy
21 : 17

ٱنظُرۡ كَيۡفَ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ وَلَلۡأٓخِرَةُ أَكۡبَرُ دَرَجَٰتٖ وَأَكۡبَرُ تَفۡضِيلٗا

Бингар, ки чигуна бархе аз ононро [аз лиҳози молу мақом] бар бархи дигар бартарӣ додаем ва қатъан охират [дар муқоиса бо дунё] аз назари дараҷот, бузургтар ва аз лиҳози фазилат, бартар аст [пас муъмин бояд ба он иштиёқ варзад] info
التفاسير:

external-link copy
22 : 17

لَّا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَقۡعُدَ مَذۡمُومٗا مَّخۡذُولٗا

[Эй инсон, ҳаргиз ҳеҷ] Маъбуди дигареро бо Аллоҳ таоло [шарик] қарор надеҳ, ки накуҳида ва беёвар хоҳӣ монд info
التفاسير:

external-link copy
23 : 17

۞ وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا

Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ info
التفاسير:

external-link copy
24 : 17

وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا

Ва аз рӯйи меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ ва тавозуатро барояшон фуруд ор ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 17

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمۡۚ إِن تَكُونُواْ صَٰلِحِينَ فَإِنَّهُۥ كَانَ لِلۡأَوَّٰبِينَ غَفُورٗا

Парвардигори шумо ба он чи дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст. Агар шоиста бошед, яқинан Ӯ дар ҳаққи тавбакорон омурзанда аст info
التفاسير:

external-link copy
26 : 17

وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا

Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳим ба ҷой овар] ва тиҳидаст ва дарроҳмонда [-ро ёрӣ кун] ва ҳеҷ исрофкорӣ накун info
التفاسير:

external-link copy
27 : 17

إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورٗا

Дар ҳақиқат, исрофкорон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ҳамвора носипос будааст info
التفاسير: