د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - مرکز رواد الترجمة

د مخ نمبر:close

external-link copy
82 : 11

فَلَمَّا جَآءَ أَمۡرُنَا جَعَلۡنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهَا حِجَارَةٗ مِّن سِجِّيلٖ مَّنضُودٖ

Пас, чун фармони Мо фаро расид, он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем info
التفاسير:

external-link copy
83 : 11

مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَۖ وَمَا هِيَ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ بِبَعِيدٖ

[Сангҳое, ки] Назди Парвардигорат нишондор буд ва ин [азоби дарднок] аз ситамгорони [дигар, аз ҷумла Қурайш] дур нест info
التفاسير:

external-link copy
84 : 11

۞ وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ وَلَا تَنقُصُواْ ٱلۡمِكۡيَالَ وَٱلۡمِيزَانَۖ إِنِّيٓ أَرَىٰكُم بِخَيۡرٖ وَإِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٖ مُّحِيطٖ

Ва ба сӯйи [қавми] Мадян бародарашон Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки ба ҷуз ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред ва паймона ва мизонро кам накунед. Ба ростӣ, шуморо дар неъмат мебинем, ва[ле] аз азоби рӯзи фарогир бар шумо метарсам info
التفاسير:

external-link copy
85 : 11

وَيَٰقَوۡمِ أَوۡفُواْ ٱلۡمِكۡيَالَ وَٱلۡمِيزَانَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

Ва эй қавми ман, паймона ва мизонро бо адолат тамом [-у комил] бидиҳед ва колоҳои мардумро кам надиҳед ва дар замин ба фасод [-у гуноҳ]накӯшед info
التفاسير:

external-link copy
86 : 11

بَقِيَّتُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِحَفِيظٖ

Агар имон дошта бошед, он чи Аллоҳ таоло [пас аз таҳвили комили паймона аз касби ҳалол] бароятон боқӣ мегузорад, беҳтар аст ва ман бар шумо нигаҳбон нестам» info
التفاسير:

external-link copy
87 : 11

قَالُواْ يَٰشُعَيۡبُ أَصَلَوٰتُكَ تَأۡمُرُكَ أَن نَّتۡرُكَ مَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَآ أَوۡ أَن نَّفۡعَلَ فِيٓ أَمۡوَٰلِنَا مَا نَشَٰٓؤُاْۖ إِنَّكَ لَأَنتَ ٱلۡحَلِيمُ ٱلرَّشِيدُ

Онон гуфтанд: «Эй Шуайб, оё намозат туро бар он медорад, ки [ба мо амр кунӣ, то] даст аз он чи падаронамон мепарстиданд, бардорем ё дар амволамон ҳар коре, ки мехоҳем, накунем? Ту, ки бурдбор [ва] хирадмандӣ [пас, чаро чунин мегӯӣ]?» info
التفاسير:

external-link copy
88 : 11

قَالَ يَٰقَوۡمِ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّي وَرَزَقَنِي مِنۡهُ رِزۡقًا حَسَنٗاۚ وَمَآ أُرِيدُ أَنۡ أُخَالِفَكُمۡ إِلَىٰ مَآ أَنۡهَىٰكُمۡ عَنۡهُۚ إِنۡ أُرِيدُ إِلَّا ٱلۡإِصۡلَٰحَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُۚ وَمَا تَوۡفِيقِيٓ إِلَّا بِٱللَّهِۚ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُ وَإِلَيۡهِ أُنِيبُ

[Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва аз ҷониби хеш рӯзии накуе ба ман ато карда бошад [он гоҳ чи мекунед]? Ва ман намехоҳам дар он чи шуморо аз он бозмедорам, бо шумо мухолифат кунам [вале худ анҷомаш диҳам]. То он ҷо дар тавон дорам, ҷуз ислоҳ намехоҳам ва тавфиқи ман танҳо ба [лутфу хости] Худост, бар Ӯ таваккал кардам ва ба сӯйи Ӯ бозмегардам info
التفاسير: