ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

Анфол

external-link copy
1 : 8

يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡأَنفَالِۖ قُلِ ٱلۡأَنفَالُ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَصۡلِحُواْ ذَاتَ بَيۡنِكُمۡۖ وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

1. Эй Паёмбар асҳобат туро аз ғаниматҳои[783]ҷанги “Бадр” мепурсанд, чи гуна ва бар чи касон онҳоро тақсим менамоӣ? Бигӯ барояшон: «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Аллоҳу паёмбар аст. Пас Расул ба амри Парвардигораш онро тақсим менамояд. Агар аз мӯъминон ҳастед, аз азоби Аллоҳ битарсед ва бар маъсияти Ӯ пеш наоед ва ба сабаби молҳо байни якдигар кашмакашӣ ва душманӣ макунед ва бо якдигар ба оштӣ зиндагӣ кунед ва аз Аллоҳу паёмбараш фармон баред!»[784] info

[783]Молҳое, ки ба ҷанг насиби мӯъминон гардидаанд
[784]Тафсири ибни Касир 4\10

التفاسير: