ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
34 : 8

وَمَا لَهُمۡ أَلَّا يُعَذِّبَهُمُ ٱللَّهُ وَهُمۡ يَصُدُّونَ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ وَمَا كَانُوٓاْ أَوۡلِيَآءَهُۥٓۚ إِنۡ أَوۡلِيَآؤُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُتَّقُونَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

34. Чаро Аллоҳ мушриконро азоб накунад, ҳол он ки дӯстонаш (мӯъминон)-ро аз тавоф кардан ва намоз гузоридан дар Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ки фарзҳои Аллоҳро барпо медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур меистанд, вале бештаринашон намедонанд![811] info

[811] Тафсири Бағавӣ 3\354

التفاسير:

external-link copy
35 : 8

وَمَا كَانَ صَلَاتُهُمۡ عِندَ ٱلۡبَيۡتِ إِلَّا مُكَآءٗ وَتَصۡدِيَةٗۚ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ

35.Ва намози мушрикон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ чизи дигаре нест. Пас ба подоши куфратон азоби қатл ва асириро, ки дар рӯзи Бадр ба онон расид, бичашед![812] info

[812] Гурӯҳе кушта шуданд ва гурӯҳи дигаре ба асир гирифта шуданд. Тафсири ибни Касир 4\53

التفاسير:

external-link copy
36 : 8

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ لِيَصُدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ فَسَيُنفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيۡهِمۡ حَسۡرَةٗ ثُمَّ يُغۡلَبُونَۗ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ جَهَنَّمَ يُحۡشَرُونَ

36.Онон, ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд ва паёмбарашро нофармонӣ карданд, амволашонро харҷ мекунанд ва ба мушрикон ва гумроҳон медиҳанд, то мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, мехоҳанд, ки нури Аллоҳро хомӯш кунанд, сипас бо дасти мӯъминон мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд![813] info

[813] Тафсири Табарӣ 13\529

التفاسير:

external-link copy
37 : 8

لِيَمِيزَ ٱللَّهُ ٱلۡخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِ وَيَجۡعَلَ ٱلۡخَبِيثَ بَعۡضَهُۥ عَلَىٰ بَعۡضٖ فَيَرۡكُمَهُۥ جَمِيعٗا فَيَجۡعَلَهُۥ فِي جَهَنَّمَۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

37.То Аллоҳ нопокро аз пок ҷудо намояд ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар рӯи ҳам биниҳад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба ҷаҳаннам афканад. Инҳо кофирон дар дунёву охират зиёнкоронанд! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 8

قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَنتَهُواْ يُغۡفَرۡ لَهُم مَّا قَدۡ سَلَفَ وَإِن يَعُودُواْ فَقَدۡ مَضَتۡ سُنَّتُ ٱلۡأَوَّلِينَ

38.Ба кофирони қавмат, ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд, бигӯй, ки агар бозистанд аз куфр ва душманиашон бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба сӯи имон бозгарданд, гуноҳони гузаштаи онҳо омӯрзида мешавад ва агар бозгарданд ва давомат кунанд бар куфрашон, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст (яъне Аллоҳ паёмбаронашро нусрат медиҳад ва душманонашро ҳалок мегардонад).[814] info

[814] Тафсири Бағавӣ 3\356

التفاسير:

external-link copy
39 : 8

وَقَٰتِلُوهُمۡ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتۡنَةٞ وَيَكُونَ ٱلدِّينُ كُلُّهُۥ لِلَّهِۚ فَإِنِ ٱنتَهَوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ

39.Эй мӯъминон бо мушрикон биҷангед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Аллоҳ гардад. Пас бало аз бандагони Аллоҳ бардошта мешавад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Аллоҳ кирдорашонро мебинад ва чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон намемонад.[815] info

[815] Тафсири Табарӣ 13\537

التفاسير:

external-link copy
40 : 8

وَإِن تَوَلَّوۡاْ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَوۡلَىٰكُمۡۚ نِعۡمَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَنِعۡمَ ٱلنَّصِيرُ

40.Ва агар ин мушрикон рӯй гардонанд аз даъват карданатон онҳоро ба сӯи имон (ба Аллоҳ ва расулаш) ва бо шумо ҷанг накарданро ва бар куфр ва ҷангидани шумо барпой истанд, пас бидонед, ки Аллоҳ мавлои[816] шумост, Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст! [817] info

[816] Мададгор, сарпараст
[817] Барои дӯстонаш. Тафсири Бағавӣ 3\357

التفاسير: