ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
19 : 55

مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ

19. Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд. info
التفاسير:

external-link copy
20 : 55

بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٞ لَّا يَبۡغِيَانِ

20. Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан). info
التفاسير:

external-link copy
21 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

21.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 55

يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ

22.Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

23.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
24 : 55

وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ

24.Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо. info
التفاسير:

external-link copy
25 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

25.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
26 : 55

كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ

26.Ҳар чӣки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист. info
التفاسير:

external-link copy
27 : 55

وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ

27.Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.[2781] info

[2781] Дар ин оят исботи сифати рӯйи омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.

التفاسير:

external-link copy
28 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

28.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
29 : 55

يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنٖ

29. Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.[2782] info

[2782] Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
30 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

30.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
31 : 55

سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ

31. Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб медиҳем.[2783] info

[2783] Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
32 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

32. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
33 : 55

يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ

33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.[2784] info

[2784] Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
34 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

34.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
35 : 55

يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ

35.Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад , пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).[2785] info

[2785] Тафсири Табарӣ 23/48

التفاسير:

external-link copy
36 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
37 : 55

فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةٗ كَٱلدِّهَانِ

37. Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад. info
التفاسير:

external-link copy
38 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

38.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
39 : 55

فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسٞ وَلَا جَآنّٞ

39. Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

40.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
41 : 55

يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ

41. Фариштагон гунаҳкоронроаз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.[2786] info

[2786] Тафсири Саъдӣ 1/831

التفاسير: