ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

external-link copy
69 : 4

وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَٰٓئِكَ رَفِيقٗا

69. Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон,[356] ва шаҳидон,[357] ва солеҳони мўъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дўстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд. info

[356] Ононе ки бо тамоми он чи ки паёмбарон оварданд аз эътиқод, гуфтор ва амал, ба таври комил тасдиқ намуданд.
[357] Ононе, ки дар роҳи Аллоҳ ҷонсупорӣ намуданд.

التفاسير: