ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
133 : 3

۞ وَسَارِعُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ أُعِدَّتۡ لِلۡمُتَّقِينَ

133. Ва бишитобед дар тоъати Аллоҳ ва Расулаш, то ноил шавед омӯрзиши Парвардигоратонро ва ба он биҳишт расиданро, ки андозааш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон омода шудааст, info
التفاسير:

external-link copy
134 : 3

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي ٱلسَّرَّآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَٱلۡكَٰظِمِينَ ٱلۡغَيۡظَ وَٱلۡعَافِينَ عَنِ ٱلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

134. Он касоне, ки дар тавонгариву тангдастӣ моли худро дар роҳи Аллоҳ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурў мебаранд, ба сабр ва аз хатои мардум дармегузаранд, Аллоҳ дўст медорад некўкоронро![269]. info

[269]Тафсири Табарӣ 7/213

التفاسير:

external-link copy
135 : 3

وَٱلَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةً أَوۡ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ ذَكَرُواْ ٱللَّهَ فَٱسۡتَغۡفَرُواْ لِذُنُوبِهِمۡ وَمَن يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَلَمۡ يُصِرُّواْ عَلَىٰ مَا فَعَلُواْ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ

135. Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, азоби Аллоҳро ба ёд оварда дар ҳол Аллоҳро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омӯрзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Аллоҳ, ки гуноҳонро биёмӯрзад? Ва чун ба бадии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, бардавом набошанд. Ва онон медонанд, ки агар тавба кунанд, Аллоҳ ононро мебахшад. info
التفاسير:

external-link copy
136 : 3

أُوْلَٰٓئِكَ جَزَآؤُهُم مَّغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَجَنَّٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ

136. Аҷри ин гурўҳе, ки чунин сифатҳоро доранд барояшон омурзиш аст аз ҷониби Парвардигорашон ва низ биҳиштҳое, ки дар он аз зери дарахтҳо ва қасрҳояш ҷўйҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ хубаст подоши итоъаткунандагон! info
التفاسير:

external-link copy
137 : 3

قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِكُمۡ سُنَنٞ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ

137. (Дар ин оят Аллоҳ ба мўъминон аз сабаби он, ки дар ҷанги Уҳуд мусибате ба онон расида буд хитоби тасаллидиҳанда карда мегўяд:) Пеш аз шумо умматоне буданд, ки онон низ имтиҳон карда шуда буданд ба ҷанг бо кофирон ва ниҳоят пирўз гаштанд, пас бар рўи замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред поёни кори онҳое, ки паёмбаронро ба дурўғгўӣ нисбат медоданд, чӣ будааст?[270] info

[270]Тафсири Саъдӣ 1/149

التفاسير:

external-link copy
138 : 3

هَٰذَا بَيَانٞ لِّلنَّاسِ وَهُدٗى وَمَوۡعِظَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ

138. Ин Қуръон баёнкунандаи роҳи рост ва пандест барои парҳезгорон, онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд. Ва аз ин Қуръон манфиъат мегиранд. info
التفاسير:

external-link copy
139 : 3

وَلَا تَهِنُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَنتُمُ ٱلۡأَعۡلَوۡنَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

139. Дар ҷанг бо кофирон сустӣ макунед ва ба сабаби шикаст дар ҷанги Уҳуд андўҳгин мабошед, зеро агар содиқона ба Аллоҳ ва Расулаш имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед[271]. info

[271]Тафсири Бағавӣ 2/111

التفاسير:

external-link copy
140 : 3

إِن يَمۡسَسۡكُمۡ قَرۡحٞ فَقَدۡ مَسَّ ٱلۡقَوۡمَ قَرۡحٞ مِّثۡلُهُۥۚ وَتِلۡكَ ٱلۡأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيۡنَ ٱلنَّاسِ وَلِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَيَتَّخِذَ مِنكُمۡ شُهَدَآءَۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ

140. Агар бар шумо захме расид дар ҷанги Уҳуд, ҳамоно расида мушриконро захме монанди он дар ҷанги Бадр. Ин пирӯз шудану шикаст хӯрдан ҳодисаҳоест, ки мегардонем онро миёни мардумон барои ҳикмате[272], то маълум кунад Аллоҳ он чизеро медонист дар азал ва ҷудо созад мўъмини содиқро аз ғайри он ва қавмеро аз байни шумоён ба шаҳодат насибадор гардонад. Ва Аллоҳ ситамкоронро дўст надорад, ононро, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд.[273] info

[272] Барои ибрат, фоида ва аҳамият
[273]Тафсири Саъдӣ 1|149

التفاسير: