ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
45 : 27

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ فَإِذَا هُمۡ فَرِيقَانِ يَخۡتَصِمُونَ

45. Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед ва бо Аллоҳ шарик маёред. Ҳангоме, ки Солеҳ онҳоро ба яктопарастӣ даъват кард,ногаҳон ду гурӯҳ шуданд, баъзе мӯъмин шуданд ва баъзе кофар шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.[1848] info

[1848] Тафсири Саъдӣ 1\606

التفاسير:

external-link copy
46 : 27

قَالَ يَٰقَوۡمِ لِمَ تَسۡتَعۡجِلُونَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِۖ لَوۡلَا تَسۡتَغۡفِرُونَ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

46. Солеҳ ба гӯруҳи кофирон гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед ва ба ҷои раҳмат азоби Илоҳиро металабед? Чаро аз Аллоҳ омӯрзиш намехоҳед? То шояд мавриди раҳмат қарор гиред».[1849] info

[1849] Тафсири Бағавӣ 6\169

التفاسير:

external-link copy
47 : 27

قَالُواْ ٱطَّيَّرۡنَا بِكَ وَبِمَن مَّعَكَۚ قَالَ طَٰٓئِرُكُمۡ عِندَ ٱللَّهِۖ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تُفۡتَنُونَ

47. Ба Солеҳ гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Солеҳ ба онҳо гуфт: «Он чӣ аз неку бад ба шумо мерасад он бар шумо тақдир карда шудааст ва фоли бади шумо назди Аллоҳ аст. Балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки мавриди озмоиш қарор мегиред!» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 27

وَكَانَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ تِسۡعَةُ رَهۡطٖ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ

48. Дар шаҳри Ҳиҷр[1850] нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд ва ислоҳ намекарданд. info

[1850] Шаҳри Солеҳ алайҳиссалом, ки дар шимоли ғарбии ҷазираи Араб воқеъ аст.

التفاسير:

external-link copy
49 : 27

قَالُواْ تَقَاسَمُواْ بِٱللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِۦ مَا شَهِدۡنَا مَهۡلِكَ أَهۡلِهِۦ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

49. Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд хӯред, ки ҳатман бар ӯ (Солеҳ) ва хонаводааш шабехун мезанем ва онҳоро мекушем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангоми ҳалокат ва нобудии хонаводааш ҳозир набудем ва аз онҳо хабар надорем ва бегумон мо ростгуфторем». info
التفاسير:

external-link copy
50 : 27

وَمَكَرُواْ مَكۡرٗا وَمَكَرۡنَا مَكۡرٗا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

50. Ва онҳо барои қатли Солеҳ ва пайравонаш ҳила ва найранге ба кор бурданд ва Мо низ ҳила ва тадбире барои ҳалоки онҳо ва наҷоти Солеҳ ва пайравонаш андешидем, дар ҳоле ки онҳо намедонистанд.[1851] info

[1851] Тафсири Саъдӣ 1\607

التفاسير:

external-link copy
51 : 27

فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ مَكۡرِهِمۡ أَنَّا دَمَّرۡنَٰهُمۡ وَقَوۡمَهُمۡ أَجۡمَعِينَ

51. Бингар, эй Расул, ки оқибати макрашон чӣ шуд?: Ҳароина, Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем. info
التفاسير:

external-link copy
52 : 27

فَتِلۡكَ بُيُوتُهُمۡ خَاوِيَةَۢ بِمَا ظَلَمُوٓاْۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

52. Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, (ширке) ки мекарданд, холӣ аз сокинонаш мондааст. Ҳароина, дар ин қиссаи мазкур ибратест барои гурӯҳе, ки медонанд. info
التفاسير:

external-link copy
53 : 27

وَأَنجَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

53. Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем. info
التفاسير:

external-link copy
54 : 27

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ

54. Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт (лавота) мекунед, дар ҳоле, ки худ саранҷом ва зиштии онро мебинед? info
التفاسير:

external-link copy
55 : 27

أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةٗ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ تَجۡهَلُونَ

55. Оё шумо аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед? Балки шумо мардуми нодон ҳастед!» info
التفاسير: